Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

23.11.2010
Семинари омӯзишӣ оид ба «Омӯзиши барномаи SPSS»

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омор» семинари омӯзишӣ оид ба «Омӯзиши барномаи SPSS» оғоз гардид. Семинари мазкурро коршиносон аз омори Дания Сорен Кристенсен ва Антон Патренко мегузаронанд, ки рӯзҳои 22 - 26 –уми ноябри соли 2010 идома меёбад.

Дар семинар мутахассисони раёсатҳо (шӯъба)-ҳои соҳавии дастгоҳи марказии Агентӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» иштирок менамоянд. Барномаи SPSS барномаи махсуси таҳлили оморӣ буда асосан барои иҷрои ҳамагуна таҳлилҳо - саркарда аз таҳлили маълумотҳою тартибдиҳии ҷадвалҳо ва ҳисобҳои гуногуни оморӣ то истифодаи усулҳои мураккаби оморӣ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи ТАҶСТАТ кори худро дар соли 2007 шурӯъ карда аз тарафи Ассотсиятсияи Байналмиллалии Рушд (Бонки Ҷаҳонӣ), Департамент оид ба ҳамкории байналмиллалии Кабир (DFID), Агентии Шветсия оид ба рушд ва ҳамкории байналмиллалии (SIDA) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз панҷ миллион ИМА-ро ташкил медиҳад (5.85 млн.).

Другие новости