Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.01.2016
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

15.01. с.2016.
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2016» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кули ҳисоббарорӣ» ва даъватшудагон аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г.К. ифтитоҳ намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоии фаъолияти худро ба роҳ монда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. Ҳамагӣ 9,5 ҳазор корҳои оморӣ иҷро карда шуданд.

Дар соли 2015 –ум 117 Қарору 457 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1308 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд.

Мунтазам маълумотҳо омода ва гузоришҳою маҷмӯаҳои оморӣ таҳия шуда, саривақт ба истифодабарандагон пешниҳод шуданд. Инчунин бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ҳамкории мутақобилаи судманд ба роҳ монда шудааст.

Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва Раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии омор дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.
Аз мақомоти маҳаллии омори давлатӣ пешниҳоди саривақтии маълумотҳои эътимодноки оморӣ ва қатъиян роҳ надодан ба ҳолатҳои бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҷамъбаст ва пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ талаб карда шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумотҳои омории тавсифкунадаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимою - иқтисодӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.

Ба мақомоти омори маҳаллӣ ҷиҳати бопурагӣ ва дақиқ баҳисоб гирифтани саршумори чорвои калон ва хурд, наслгирӣ ва маҳсулнокии маҳсулотҳои соҳаи чорвопарварӣ, дар соҳаи омори растанипарварӣ бунёди майдонҳои боғу токзорҳои нав, гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҳисоби гармхонаҳо истеҳсолшуда ичунин оид ба истеҳсоли орд, воридоту содироти маҳсулотҳои истеъмолӣ, афзоиши табиии аҳолӣ,фавт ва таваллуд, нархҳои воқеии бозорҳои марказӣ ва дигар супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Другие новости