Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

23.11.2015
18 ноябри соли 2015 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар бо иштироки намояндагони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ТОК), вазорату идораҳо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои тадқиқоти таҷрибавӣ оид ба ҳамгироии гуногунии минималии ғизои занон дар доираи тадқиқоти буҷети хонаводаҳо дар Тоҷикистон дар солҳои 2014 – 2015 муаррифӣ карда шуд.

Директори Агентии омор Ҳасанзода Г.К. оид ба ҳамкориҳои Агентӣ бо Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ барои дастгирии ҳамаҷониба дар самти такмил додани омори амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбияти зиёда аз 50 кормандони мақомоти омор ҷиҳати ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ оиди гуногунии ратсиони хурок, ки барои баҳодиҳии вазъи амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани махзани иттиллот оид ба ғизо, ҳамчун махзани боваринок барои таҳияи сиёсати давлатӣ дар самти амнияти озуқаворӣ, ки расидан ба ин ҳадафҳо яке аз мақсаду мароми асосии Ҳукумати мамлакат мебошад, миннатдории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро изҳор намуд. Ҳамзамон қайд намуданд, ки дар доираи тадқиқоти буҷети хонаводаҳо бо зиёда аз 1000 занҳои синни қобили таваллуд (15-49 сола) пурсиш гузаронида шуд, ки айни замон натиҷаҳои ин пурсиш муаррифӣ карда мешавад.

Аз тарафи коршиносони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ натиҷаҳои тадқиқоти гуногунии хӯрока ҳамчун муҳимтарин қисмати баҳодиҳии сифатии ғизо муаррифӣ гардид. Гуногунии хӯрока ба ҳадди ақали микронутриентҳои занон ва амнияти озуқавории хонаводаҳо вобастагии зич дорад ва нишондиҳандаи ҳадди ақали гуногунии хӯрока (ГХМ-З) аз рӯи 10 гуруҳи маводи озуқаворӣ ҳадди ақали истеъмолоти ғизо 5 гуруҳ ҳисобида шуд.

ГМХ-З ҳамчун "фоизи занони 15-49-сола, ки ҳадди ақал 5 гуруҳҳои хурокаро аз 10 гуруҳҳои хӯрокаҳои муайяншудаи истеъмол кард «муайян карда шуд”. Натиҷаҳои тадқиқот нишон дод, ки дар минтақаҳои мамлакат гуногунии минималии хуроки занон фарқкунанда мебошад. Дар ВМКБ ва вилояти Хатлон ГМХ-З ҳадди пасттарини миёнаи истеъмоли ғизои занони синни қобили таваллудкунӣ мутаносибан 5,9 ва 6,0 гуруҳро ташкил дод. Дар дигар минтақаҳо ГМХ-З нисбатан баландтар дар НТҶ – 6,5, вилояти Суғд - 7,0 ва шаҳри Душанбе - 7,4 ба қайд гирифта шуд.
Ҳамчунин тадқиқот нишон дод, ки 3 гуруҳҳои хӯрокаҳо аз тарафи занон камтарин мағз ва донагиҳо -8 фоиз, тухм- 31 фоиз, лубиёгиҳо ва нахуд -52 фоиз истеъмол карда шудааст. Ҳамагӣ 2 фоизи занҳои пурсидашуда моҳӣ истеъмол намудаанд.

Тадқиқот нишон дод, ки занон аз хонаводаҳои дорои сатҳи пастарини даромад хӯрокаҳои серғизоро камтар истеъмол кардаанд нисбат ба занони аз хонаводаҳои сердаромад.

Аз тарафи коршиносон ва намояндагони вазорату идораҳо тавсия дода шуд, ки ҷамъоварии маълумотро дар мавсими камҳосилӣ ва ё дар давраҳои дигар низ гузаронида шавад ва натиҷаҳои гуногунии хӯрока вобаста ба мавсим метавонад фарқкунанда бошанд.  

Другие новости