Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

10.11.2010
Дар Агентии омор семинар оид ба тафтиши дурусти маълумотҳо баргузор гардид

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Устуворкунии системаи миллии омор» семинар оиди «тафтиши дурустии маълумотҳо» оғоз гардид. Семинарро коршинос аз омори Олмон Кристоф Шеффер мегузаронад, ки рӯзҳои 10-11-уми ноябри соли 2010 идома меёбад.

Дар семинар сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ», намояндаҳои масъул аз Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), Суғд, Хатлон ва сардорони раёсату шӯъба(бахш)-ҳои як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. (Хамагӣ 35 нафар).

Семинар асосан самтҳои муҳими тафтиши дурустию мӯътамаднокии маълумотҳоро дар бар мегирад, зеро аз дурустии маълумотхои оморӣ самаранок ва дуруст қабулнамоии барномаҳои гуногуни рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи мамлакат вобастагии зич дорад.

Лоиҳаи ТАЧСТАТ кори худро дар соли 2007 шурӯъ карда аз тарафи Ассотсиацияи Байнанмиллалиӣ Рушд(Бонки Чаҳонӣ), Департамент оид ба ҳамкории байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Агентии Шветсия оид ба рушд ва ҳамкории байналмилалӣ (SIDA) ва Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон маблаггузори шудааст. Маблаги умумиии лоиҳа зиёда аз панҷ миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.(5.85 млн.)

Другие новости