Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

20.11.2015
Рӯзҳои 17-18 ноябри соли 2015 дар Агентии омор семинари миллӣ оид ба омори гендерӣ дар соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид.

 Дар Агентии омор семинари миллӣ оид ба омори гендерӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори миллӣ барои истеҳсол ва таҳлили маълумот аз рӯи ҷинс тавассути механизми омори гендери кишоварзии ТОК»баргузор гардид.

Лоиҳаи минтақавии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия маблағгузорӣ гардида, се кишвар Туркия, Қирғизистон ва Тоҷикистонро фаро гирифтааст.

Чорабинии мазкурро Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, ки ба баланд бардоштани иқтидор ва ҳамоҳангсозии омори миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд, ташкил намуд.

Ҳадафи асосии ин лоиҳа ба такмилдиҳии иқтидори касбии кормандони маҳаллӣ барои истеҳсоли маълумоти оморӣ аз сарчашмаҳои гуногун оид ба гендер дар соҳаи кишоварзӣ ва манотиқи деҳот равона карда шудааст.

Ҳамчунин ташаккули махзани нишондиҳандаҳо тибқи индикаторҳои тавсиянамудаи идораи минтақавии СММ барои дар оянда муқоисакунӣ дар сатҳи байналмилалиро нақша гирифтааст.

Бояд қайд кард, ки ин семинар чорабинии дуюм бо иштироки истеҳсолкунандагон ва истифодабарандагони маълумоти оморӣ мебошад.
Моҳи июли соли ҷорӣ Агентии омор «мизи мудаввар» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони соҳибкории хусусӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар баланд бардоштани соҳаи кишоварзӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор баргузор намуда буд. Мизи мудаввар баррасии маҷмӯи нишондиҳандаҳои гендерӣ дар соҳаи кишоварзиро аз тарафи Идораи минтақавии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки аз 18 нишондиҳанда иборат мебошад таҳия намуд.

Дар асоси ин ва дигар маълумотҳои мавҷуда профилҳои гендерӣ миллии хоҷагиҳои кишоварзӣ ташкил карда мешавад.

Дар мулоқоти гурӯҳи кории Агентии омор аз моҳи июл то октябр номгӯи индикаторҳои баррасӣ шуд, ки ба баъзе аз онҳо скриптҳо барои гирифтани ҷадвалҳои барориши барӯйхатгирии кишоварзӣ, ки то охири моҳи декабри соли 2015 нашр мешавад, таҳия карда шуд.

Тибқи барномаи семинар дар давоми ду рӯз ба иштирокчиён лоиҳаи Дастур оид ба омори гендерӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, интихоби нишондиҳандаҳои муносиб барои кишоварзӣ ва хонаводаҳои деҳот, лоиҳаи намуди гендерӣ миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллии лоиҳа: Доно Абдуразакова, коршиноси масоили гендерӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ТОК; Элизабет Дубан, мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ, ФАО ва София Қосимова, коршиноси масоили гендерии ТОК омода карда шудааст, пешниҳод карда шуд.

Другие новости