Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

29.10.2015
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

 27. 10.c.2015.
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ соли 2015 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2015» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шӯъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва дигар даъватшудагон аз вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г.К. ифтитоҳ намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фаъолияти худро ба роҳ монда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард.

Ҳамагӣ зиёда аз 7,2 ҳазор ҳисоботи оморӣ ҷамъбаст карда шуд.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 78 Қарору 332 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1017 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шудааст.

Мунтазам маълумотҳо омода ва гузоришҳою маҷмӯаҳои оморӣ таҳия шуда, саривақт ба истифодабарандагон пешниҳод шуданд. Инчунин бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ҳамкории мутақобилаи судманд ба роҳ монда шудааст.

Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва Раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии омор дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

Аз мақомоти маҳаллии омори давлатӣ пешниҳоди саривақтии маълумотҳои эътимодноки оморӣ ва қатъиян роҳ надодан ба ҳолатҳои изофанависӣ дар пешбурди ҳисоботҳои оморӣ талаб карда шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумотҳои омории тавсифкунадаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.

Барои гузаронидани маниторинги маълумотҳои ибтидоии субектҳои хоҷагидорӣ алал хусус дар соҳаи кишоварзӣ омори растанипарварӣ(заминҳои кишт, ҷамъоварии ҳосил ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ), омори чорвопарварӣ (саршумори чорвои калони шохдор ва истеҳсоли шир ва асал) ичунин оид ба истеҳсоли маҳсулотҳои саноатии ватанӣ, алал хусус либосҳои мактабӣ, воридоту содироти маҳсулотҳои истеъмолӣ ва дигарҳо супориш дода шуд. 




 

Другие новости