Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

15.10.2015
Ҷаласаи 54-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои омори давлатҳои-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 54-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои омори давлатҳои-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Роҳбарии Шурои роҳбарони хадамотҳои омори давлатҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба уҳда дорад.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони хадамотҳои омори ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Украина, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Руссия ва Кумитаи омори ИДМ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо оиди:

фаъолияти Шӯрои роҳбарони хадамоти омори давлатҳо-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2015,

фаъолияти Кумитаи омори байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2015,

оиди тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,

рафти тайёрӣ ба барӯйхатгирии аҳолии давраи соли 2020 дар кишварҳои ИДМ,

дар бораи нақша чорабиниҳои мақомотҳои омори кишварҳои аъзо бахшида ба 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,

оиди интихоби раисии Шӯрои роҳбарии мақомоти омори давлатҳои-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2016 ва дигар масъалаҳои баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласаи ҳамчунин дигар масъалаҳо оид ба истифодабарии маълумотҳои калон дар омори расмӣ, ки дар сомонаи расмии Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил саҳифаи нав кушода шудааст муаррифӣ карда шуд.

Аз рӯи натиҷаи ҷаласаи 54-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои омори давлатҳои-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаи гузаронидани ҷаласаи 55-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои омори давлатҳои-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2016 баррасӣ карда шуд.

Другие новости