Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

15.10.2015
13-15 октябри соли 2015, дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи коршиносон оид ба «Стратегияи глобалии такмили омори кишоварзӣ ва деҳот» баргузор гардид

Ҷаласаи мазкур аз ҷониби Кумитаи омори ИДМ дар якҷоягӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ташкил карда шуд.

Дар кори ҷаласа намояндагони хадамоти омори миллии Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Украина ва Кумитаи омори ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва намояндагони ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ ширкат варзиданд.

Оғози кори ҷаласаро Раиси Кумитаи омори ИДМ - Соколин В.Л. - роҳбарӣ намуд.
Бахшҳои ҷаласаро роҳбарӣ намуданд:
Ҳасанзода Г.К., Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
С.Л. Мнацаканян, Раиси Хадамоти миллии омори Ҷумҳурии Арманистон;
Л. Споялэ, Директори генералии Бюрои миллии омори Ҷумҳурии Молдова;
К.Э. Лайкам, муовини раиси федералии омори Хадамоти давлатии (Росстат).

Дар кори ҷаласа баромади намояндаи СММ (ФАО) оид ба «Татбиқи Стратегияи глобали дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақаҳои ҷаҳон" шунида шуд.

Аз ҷониби Кумитаи омори ИДМ дар мавзуҳои: "Татбиқи «Стратегияи глобалии такмили омори кишоварзӣ ва деҳот» дар минтақаҳои ИДМ, «Рушди методологияи омори кишоварзӣ ва деҳот дар доираи «Стратегияи глобалии такмили омори кишоварзӣ ва деҳот», «Методология ва таъмини иттилоотӣ фаромарзии кишварҳо барои мубодилаи маълумотҳо оид ба омори кишоварзӣ ва деҳот», «Арзёбии омори кишоварзӣ ва деҳот дар манотиқи ИДМ» ва «Масъалаҳои такмили методологияи тарҳрезии тавозуни озуқаворӣ" маърузаҳо пешкаш карда шуданд.

Дар баробари ин аз ҷониби намояндагони хадамоти омори миллии кишварҳо низ оид ба мушкилоти асосӣ ва равандҳои пешрафти рушди омори кишоварзӣ ва деҳот дар кишварҳои ИДМ баромадҳо пешниҳод карда шуданд.
Баромадҳои пешкаш гардида мавзуъҳои зеринро дар бар гирифтанд:

«Барӯйхатгирии кишоварзӣ - 2015 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон»;
«Ҳолати кунунии омори кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Беларус»;
«Дар бораи омори кишоварзӣ дар Қазоқистон»;
«Дар бораи ҳолати воқеии омори кишоварзӣ ва деҳот дар Ҷумҳурии Қирғизистон";
«Дар бораи ҳолати воқеи ва роҳҳои беҳтар намудани омори кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Молдова»;
«Дар бораи муқаррароти асосии методологияи омори кишоварзӣ дар Федератсияи Русия»;
«Беҳтар намудани омори кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
«Самтҳои беҳтар намудани тадқиқоти оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ, бо назардошти нишондиҳандаҳои тавсиягардидаи «Стратегияи глобалии такмили омори кишоварзӣ ва деҳот» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон»;
«Ислоҳоти омори кишоварзӣ натиҷагирӣ ва равандҳо дар Украина».

Ҳамаи гузоришҳои пешкашгардида дар раванди ҷаласа мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз ҷониби иштирокчиёни вохурӣ оид ба рушди минбаъдаи Лоиҳа хулосаҳо қабул карда шуд.
 

 

Другие новости