Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

05.10.2015
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон машварати илмӣ-амалии «Ташаккули ҷадвали Захира ва Хароҷот» баргузор гардид

Машварати мазкур дар якҷоягӣ бо Созмони ҳамкории Олмон дар Тоҷикистон (GIZ) ташкил карда шуда буд.

Дар машварат намояндагони вазорату идораҳо ва донишкадахои илмӣ ва инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмиллалии асъор, сафоратхонаи Олмон, ҒNDP, IFC, лоиҳаи созмони Аврупо иштирок намуданд.

Дар машварат Агентии омор бори нахуст нашрияи «Ташаккули ҷадвали Захира ва Хароҷот» барои соли 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Кори мазкурро Агентии омор дар чорчӯбаи лоиҳаи «Шароити муфид ва маблағгузорӣ барои рушди сектори хусусӣ дар Тоҷикистон» бо ҷалб намудани мушовири байналмилалии Созмони ҳамкории Олмон омода намуд.

Масъалаи асосии ин кор – ҷамъоварии маълумотҳо оиди истехсоли маҳсулот ва хизматрасонӣ, муайян намудани истеъмолоти мобайнӣ, хароҷоти истеъмолоти ниҳоӣ ва ғайраҳо.

Инчунин кори мазкур барои тавозуни ҳисоби Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо ду усул, яъне усули истеҳсолӣ ва усули истифодаи даромадҳо истифода бурда мешавад.

Дар рафти машварат инчунин баромадҳои мутахассисони маҳаллӣ ва байналмилалӣ оиди ташаккулёбӣ ва истифодаи амалии он дар ҷараёни сохтани моделҳои дурнамои индикаторҳои гуногуни иқтисодӣ шунида шуд. 

Дар охири машварат қайд карда шуд, ки Агентии омор дар ин самт комёбиҳои зиёде ба даст овард, вале дар ин самт корро давом додан зарур аст. Инчунин тавсия дода шуд, ки ташаккули матрисаҳои мазкур дар давоми 3-5 сол як маротиба омода карда шавад.
 

Другие новости