Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

10.11.2010
Кормандони Агентии омор дар Федератсияи Руссия аз таҷрибаомӯзӣ гузаштанд

Панҷ корманди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Устуворгардонии системаи омори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ТАҶСТАТ) аз таҷрибаомузӣ бо барномаи «ABBYY Flexicapture» барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз 26 то 28 октябри соли 2010 дар Федератсияи Руссияи шаҳри Москва баргузор гардид баргаштанд.

Дар рафти таҷрибаомузӣ кормандон бо таҳлили ҳуҷҷатҳо ва ба сканер даровардани барӯйхатгирии аҳолӣ, ворид намудани тасвирот, гурӯҳбандӣ кардан, ба низоми маъмурияткунонӣ ва назорати мантиқии варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

Маъмурикунонии барномаи мазкур ба Агентии омор дар сатҳи лозимӣ барои гузаронидани таҳлили маводҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 кӯмак мерасонад. Ёдовар мешавем, ки системаи автоматикунандаи омодакунӣ, гузаронидан, таҳлили маводҳо ва гирифтани ахбороти xамъбастии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар асоси қарорҳои навтарини технологӣ ба роҳ монда шудааст. Ин тезонидан, нигоҳ доштан ва ба пуррагӣ барӯйхатгирии аҳолиро кафолат медиҳад. Дар он системаи бехатарӣ дохил карда шудааст, ки ҳифзи дахолат ба ахборот дар ҳамаи сатҳҳо таъмин карда мешавад. Дар асоси ин ҷадвали ҷамъбастӣ омода мешавад ва ба таври расмӣ ба нашр бароварда мешаванд.

Лоиҳаи ТАҶСТАТ кори худро дар соли 2007 шурӯъ карда аз тарафи Ассотсиатсияи Байналмиллалии Рушд (Бонки Ҷаҳонӣ), Департамент оид ба ҳамкории байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Агентии Шветсия оид ба рушд ва ҳамкории байналмилалӣ (SIDA) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз панҷ миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад (5,85 млн.).

Другие новости