Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

03.08.2015
Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) иқтидори кормандони Агентии омор оид ба ҷамъоварии маълумот дар бораи гуногунии ғизогирии занон дар минтакаҳо ташаккул медиҳад.

 Рӯзҳои аз 27 то 31-уми июли соли 2015 дар Агентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АО) бо иштироки гуруҳи коршиносон оид ба баҳодиҳии ғизогирӣ бо роҳбарии доктор Воррен Т К Ли аз Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) аз шаҳри Рим семинари омузишӣ барои кормандони тадқиқоти буҷети хонаводаҳо гузаронида шуд. Мақсади семинари омузишии мазкур ин баланд бардоштани иқтидори кормандони тадқиқоти буҷети хонаводаҳои мақомотҳои омори шаҳри Душанбе, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир ба истифодаи усули баҳодиҳӣ вазъи истеъмолот дар асоси маҳсулотҳои озуқаворӣ (Гуногунии минималии озуқаи занон, ГМОЗ) дар ҷамъоварии маълумот дар бораи ғизогирии занони синни репродуктивӣ (15-49 сола) иборат буд.

Дар давоми семинари омӯзишӣ машғулиятҳои назариявӣ бо пешниҳоди баромадҳо дар мавзӯи усулҳои чен кардани вазъи норасогии ғизо, машғулиятҳои гурӯҳӣ оид ба тартиби гузаронидани пурсиши хонаводаҳо дар самти истеъмоли ғизои шабонарӯзӣ, мутобиқкунии воситаи мазкур ба шароити маҳаллӣ тавассути мубоҳисаҳои гурӯҳии мақсаднок бо пурсишгарони (респондентҳои) асосӣ дар ҷамоатҳо ва маҳаллҳо бахшида шуд. Давоми ду рӯзи семинар ба корҳои саҳроӣ барои гирифтани таҷрибаи амалии ҷамъоварии маълумот дар сатҳи хонаводаҳо бо истифодаи саволномаи ГМОЗ бахшида шуд.

Ҷаноби Доктор Ли ва хонум Теодора коршиносони Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар баромадҳои худашон қайд намуданд, ки бо назардошти паҳншавии баландии норасогии микроэлементҳо дар байни занони синни репродуктивӣ ва қадпастӣ дар байни кӯдакон, Ҳукумати Тоҷикистон ба нишондиҳандаи содда ва тасдиқшудаи озуқаворӣ ниёз дорад, то ин ки ҳадафҳои оид ба расидан ба амнияти озуқавориро гузорад ва амалӣ гаштани ҳадафҳои дар стратегияҳо ва барномаҳо гузоштаро оид ба ғизогирӣ баҳодиҳӣ намояд. Агентии омори назди Президенти Ҷуҳурии Точикистон мақсад дорад, ки то соли 2016 қисмат оид ба ғизогириро ба Тадқиқоти буҷети хонавода, ки ҳар сол гузаронида мешавад, ҳамроҳ намояд.

Пас аз бомуваффақият гузаронидани семинари омӯзишӣ оид ба гуногунии озуқа ва ҷамъоварии таҷрибавии маълумот дар вилояти Хатлон дар солҳои 2014, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) дархост карда буд, ки омӯзиши минбаъдаро оид ба ҷамъоварии маълумот дар бораи ғизогирӣ барои кормандони тадқиқоти буҷети хонаводаҳо дар дигар минтақаҳои кишвар баргузор намояд.

Дар моҳи апрели соли 2015 семинари омӯзишӣ барои кормандони тадқиқоти буҷети хонаводаҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гузаронида шуд. Коршиносони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) қайд намуданд, ки “Тоҷикистон кишвари аввалин мебошад, ки дар он семинари омӯзишӣ оид ба истифодаи воситаи навтарини ГМОЗ барои ҷамъоварии маълумоти озуқаворӣ дар сатҳи кишвар баъд аз таҳияи он дар соли 2014 гузаронида мешавад”.

ГМОЗ ин усули такмилдодашудае мебошад, ки дар асоси усули пешинаи “Ҳисоби гуногунии озуқаи занон (ҲГОЗ)” дар соли 2014 таҳия карда шудааст. ГМОЗ нишондиҳандаи содда, тез ва кам арзиши глобалӣ дар баҳодиҳии гуногунии хӯроки занон ба шумор меравад. Ин нишондиҳанда дар асоси 10 гурӯҳи маводҳои озуқаворӣ мебошад, ки он дорои нуқтаи минималӣ аз панҷ гурӯҳ мебошад, ки гуногунии минималии хӯрокаро нишон медиҳанд. “Дар ГМОЗ шумораи гурӯҳҳои маводҳои озуқаворӣ, ки аз ҷониби шахс дар давоми 24 соат пеш аз пурсиш истеъмол карда шудаанд, ҳисоб карда мешавад. Занони синни репродуктивӣ, ки панҷ ё зиёда гурӯҳҳои маводҳои озуқавориро истеъмол мекунанд, назар ба он заноне, ки камтар аз панҷ гурӯҳҳои маводҳои озуқавориро истеъмол мекунанд, эҳтимоли бештар доранд, ки ба гуногунии минималии озуқа ҷавобгӯй бошанд”.

Аз рӯи натиҷаи семинари омузишӣ дар давоми даҳ рӯзӣ оянда кормандони тадқиқоти буҷети хонаводаҳои макомотои омори шаҳри Душанбе, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъоварии маълумотҳоро оид ба вазъи ғизогирии занонро аз рӯи саволномаи ба шароити маҳал мутобиқнамуда, мегузаронанд. Айни замон, дар доираи лоиҳаи мазкур тамоми кормандони тадқиқоти буҷети хонаводаҳои макомоти омори кишвар оид ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва усулҳои баҳодиҳии гуногунии хӯрок омӯзонида шуданд.
Роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коршиносони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) ва лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Барномаи идоракунии глобалии такмилёфта оид ба паст кардани гуруснагӣ”, ки гузаронидани семинарҳои омузиширо барои баланд бардоштани иқтидорӣ кормандони Агентии омор маблағгузорӣ намудааст, миннатдорӣ изҳор намуд.

Другие новости