Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

15.11.2010
Агентии омор ба тадқиқоти интихобии хоҷагиҳои аҳолӣ дар мaҳалли деҳоти шурӯъ кард

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Устуворкунии системаи  миллии омор» (ТАҶСТАТ) дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ барои роҳбарони гурӯҳҳо ва мусоҳибагирандаҳои тадқиқоти интихо

бии хоҷагиҳои аҳолӣ дар мaҳалли деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинар 60 нафар мутахассисони мақомоти омори ҷумҳурӣ иштирок намуда, усули гузаронидани тадқиқот, пуркунии саволномаҳо ва муошират бо хонаводаҳоро аз худ намуданд.


Қайд кардан зарур аст, ки тадқиқоти мазкур аз 17 ноябр то 11 декабри соли 2010 дар 58 ноҳияи ҷумҳурӣ (мaҳалли деҳот) гузаронида мешавад.

Хонаводаҳои тадқиқшаванда ба саволҳо оид ба мавxудияти заминҳои назди ҳавлигӣ, заминҳои президентӣ, майдони кишти мaҳсулоти растанипарварӣ, кишти такрорӣ, саршумори чорво, истеҳсоли мaҳсулоти чорвопарварӣ, мавxудияти техника ва олоти кишоварзӣ, дастрасӣ ба қарзҳои хурд ва дигар масъалаҳо ба мусоҳибагирандаҳо посух медиҳанд.
 

Другие новости