Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

24.07.2015
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти донорҳо баргузор гардид

23 июли соли соли 2015 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти донорҳо баргузор гардид, ки дар ин вохӯрӣ роҳбарияти Агентии омор, Маркази кулли ҳисоббарорӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ: Бонки умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО), Хазинаи СММ дар соҳаи нуфус, намояндагии (UNFPA) дар Тоҷикистон, Хазинаи кудаконии СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (UNDP), Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Бонки Осиёии рушд, намояндагони Вазорату идораҳо, сардорони Раёсатҳои соҳавии дастгоҳи марказии Агентии омор ва кормандони гурӯҳҳои татбиқи Лоиҳа «Оид ба рушди низоми милии омор» иштирок доштанд.

Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ ва муҳокима гардиданд: дар бораи шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба рушди низоми омори миллии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи татбиқи Стратегияи Миллии рушди омор(СМРО) Лоиҳаи ЕСАSTAT ва дар бораи дастгирии иловагӣ барои татбиқи маҷмӯи Стратегияи Миллии рушди омор ҳамаҷонибаи талаботи нав барои маълумотҳои оморӣ дастгирии иловагии СМРО мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома Гукасова T.P - мутахассис оид ба омӯзишу арзёбӣ баромад кард, вай қайд намуд, ки бо мақсади рушди самараноки ҳамкорӣ босамари Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд баҳри пешгирии фаъолиятҳои такроршаванда ва ҷиҳати рушди системаи миллии омор дар назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангсозӣ омор ба миён омад. 

Ба ин мақсад, Агентии омор низомнома оид ба Шӯрои ҳамоҳангсозиро, ки дар мулоқоти қабли бо донорҳо муҳокима гардида қарор қабул шуда буд, таҳия намуд. Масъалаи мазкур дар сатҳи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо мавриди муҳокима қарор дода шавад ва аз ҷониби Шӯрои донорҳо фикру мулоҳизаҳо пешниҳод карда шавад.
Рустам Зиёев - Ҳамоҳангсози Лоиҳаи ЕСАSTAT дар баромади худ қайд намуд, ки Лоиҳа аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 феврали соли 2015 имзо ва тасдиқ карда шуда буд ва ба 29 май соли Қарор (декларатсияи) Бонки умумиҷаҳонӣ дар бораи самаранокии лоиҳа дода шуда буд.
Дар доираи Лоиҳа оид ба масъалаҳои расонидани кумакҳои техникӣ бо намояндагони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Коллеҷи Кӯҳии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Омӯзишгоҳи техникии омор ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуданд.
Барои татбиқи Лоиҳа ҳуҷҷатҳои асноди асосӣ: нақшаи харид ва буҷети нақшаи амалисозии Лоиҳа омода карда шудаанд ва барои мувофиқа дар Бонк қарор доранд.

Ҳамоҳангсози Лоиҳа ҳамчунин қайд намуд, ки Лоиҳа чорабиниҳорои зиёдеро оид ба Статегияи милии рушди омор дар амал татбиқ менамояд; аз он ҷумла тақрибан ҳамаи тадқиқотҳои пешбинишуда дар чорчӯбаҳои СМРО аз тарафи Лоиҳа татбиқ карда мешаванд, аммо аз сабаби мавҷуд набудани маблағгузории иловагӣ бештари чорабиниҳо татбиқ нашуда мемонанд. Самаранокии Лоиҳаи оид ба татбиқи Стратегияи Милии Рушди Омор то соли 2018 хеле зиёд мегардад, дар сурате, ки агар боқимонда чорабиниҳои Стратегӣ дар амал татбиқ шаванд.

Аз тарафи муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қ, оид ба дастгирии татбиқи СМРО, ки дар Лоиҳаи EСASТAT фаро гирифта нашудаанд пешниҳод карда шуд.
Дар мулоқот бо донорҳо дар бораи гузаронидани дастгирӣ дар чорчӯбаҳои Лоиҳаи ЕСАSТАТ баҳри дар амал татбиқ намудани ҳамаи чорабиниҳои (аз аввал то ба охир) оид ба гузаронидани татқиқотҳое, ки дар СМРО нишон дода шудаанд, қарор қабул карда шуд, ки аз донорҳо аз онҳое, ки пештар изҳори хоҳиши маблағгузорӣ карда буданд, дар дастгирию тасдиқи мароми худ нисбат ба Стратегияи миллии рушди омор мақоми худро муайян намоянд. 

Другие новости