Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

24.07.2015
Нишасти матбуотӣ

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми июли соли 2015 дар Маркази Матбуотии Ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, радио ва телевизион аз он ҷумла: рӯзномаҳои «Садои мардум», «Озодагон», «Дайджест», «Авеста», «Халқ овозӣ», «Фараж», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Чархи гардун», АМИТ «Ховар», Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон, Муассисаҳои давлатии «Сафина», «Чаҳоннамо», «Баҳористон» ва шабакаҳои радиоии «Радиои Тоҷикистон», «Радиои Ховар», «Овози тоҷик» ва «Озодӣ» иштирок карданд.

Пеш аз оғоз нишаст ба рӯзноманигорон дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2015 ва дар бораи фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд. Инчунин барои истифодабарӣ маводҳо аз ҷумлаи буклет оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2015 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва маърузаи фишурда дар бораи фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015 пешниҳод гардид.

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ хонум Ҳасанзода Гулнора оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2015 суханронӣ намуд.

Баъд аз ин қисми муҳокима ва саволу ҷавобҳо байни намояндагони воситаҳои ахбор ва кормандони Агентӣ оғоз гардид.
Саволҳо дар маҷмӯъ мавзӯҳои зеринро дар бар мегирифтанд:
- шумораи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Руссия;
- шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла пиронсолони аз 100 сола калон) ;
- шумораи нафақахурон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба ёрии башардӯстона;
- масоҳати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ;
- замини кишт ва истеҳсоли картошка дар нимсолаи аввали соли 2015;
- шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ;
- шумораи таваллуд дар соли 2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 (аз ҷумла таваллуди кӯдакону маъюб) ;
- таъсиси гурӯҳҳои кории байни идоравӣ.
- оид ба содирот ва воридоту молу ашёҳо;
- оид ба корҳои омодагӣ ба барӯйхатгирии аҳолии навбатӣ;
- оид ба ҳамкориҳои мақомоти омори давлатӣ бо шарикони рушд аз ҷумла бо ташкилотҳои байналмилалӣ.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ мувофиқи имкониятҳои мавҷуда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Нишастҳо бо ширкати намояндагони воситаҳои ахбори омма, истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ дар оянда шаффофияти маълумотҳоро таъмин намуда, ба баланд бардоштани сифати корҳо дар самти ҷамъоварӣ, коркард ва таҳияи маълумотҳои оморӣ боис мегарданд.

Другие новости