Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

20.07.2015
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

16. 07.c.2015.

Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2015 ва вазифаҳои минбаъда дар нимсолаи дуюми соли 2015» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шӯъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва дигар даъватшудагон аз вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Маҷлиси мушовараро муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон Шокирзода Ш. Ш. ифтитоҳ намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фаъолияти худро ба роҳ монда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. Ҳамагӣ зиёда аз 5 ҳазор ҳисоботи оморӣ ҷамъбаст карда шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2015-ум 47 Қарору 221 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 709 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд.

Мунтазам маълумотҳо омода ва гузоришҳою маҷмӯаҳои оморӣ таҳия шуда, саривақт ба истифодабарандагон пешниҳод шуданд. Бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ҳамкории мутақобилаи судманд ба роҳ монда шудааст.

Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

Аз мақомоти маҳаллии омори давлатӣ пешниҳоди саривақтии маълумотҳои эътимодноки оморӣ ва қатъиян роҳ надодан ба ҳолатҳои изофанависӣ дар пешбурди ҳисоботҳои оморӣ талаб карда шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумотҳои омории тавсифкунадаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.

Ба роҳ мондани ҷамъоварии ҳисоботи аввалияи ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, мусоидат барои сари вақт аз қайди мақомоти андоз тавассути “Равзанаи ягона” гузаштани хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Дастур дода шуд, ки дар сатҳи зарурӣ корҳои омодагӣ барои зимистони солҳои 2015-2016, бехатарии сухтор дар мақомоти омори марказӣ ва маҳаллӣ дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида шаванд.
 

Другие новости