Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

24.06.2015
Тоҷикистон истифодаи методологияи нави арзёбии камбизоатиро ҷиҳати тақвият бахшидани кӯшишҳои кишвар дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ оғоз мекунад

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТоҷСтат), ҳуҷҷати расмӣ ва ёддошти методологиро оид ба камбизоатӣ нашр намуда, марҳилаи муҳимро дар қобилияти назорат ва таҳкимдиҳии талошҳои кишвар дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ муайян намуд.

Методологияи нави милии арзёбии камбизоатӣ барои Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2015 аз ҷониби Шӯрои Тоҷикистон оид ба арзёбии камбизоатӣ ва синфи миёнаи (Шӯрои камбизоатӣ) назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба тасвиб расида буд. Усули нав дар таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ оид ба арзёбии камбизоатӣ асос меёбад ва дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва дастгирии молиявии Департаменти Британияи кабир оид ба рушди байналмилалӣ (DFID) таҳия гардидааст.

“Методологияи нав ба мо дар арзёбӣ ва мунтазам пешниҳод намудани маълумот оид ба некӯаҳволии мардум кӯмак мерасонад, ки он дар навбати худ ҷиҳати пайгирии тамоюлҳои камбизоатӣ ва огоҳнамоӣ дар бораи қарорҳои муҳими сиёсӣ имконият фароҳам меоварад,” мегӯяд ҷаноби Қиёмуддин Давлатзода, Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷстат). “Тавассути усули нав сатҳи камбизоатӣ бо истифода аз Тадқиқоти семоҳаи буҷети хонавода, ки аз соли 2009 инҷониб мунтазам дар истифода буд амавриди такмилдиҳӣ қарор гирифта буд, ҳисоб карда мешавад.”  

Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва гузориши маълумоти баландсифат оид ба камбизоатӣ ҳамкорӣ мекунанд.Як қатор омӯзишҳо, сафарҳои омӯзишӣ ва конфронсҳо ҷиҳати таҳким бахшидани иқтидори Агентии омор ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо ташкил шуда буданд, ки дар натиҷа Агентии омор ба пуррагӣ бо таҷриба ва иқтидори мустақилона арзёбӣ намудани сатҳи камбизоатӣ бо истифода аз усули нав таъмин гардид.

Методологияи мазкур қадами муҳиме дар тарҳрезӣ ва мониторинги Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030 ва Стратегияи рушди миёнамуҳлат барои солҳои 2016-2020 маҳсуб меёбад, зеро он ба Ҳукумати ҶТ дар ҷамъ овардани маълумоти фарогир ва боэътимод дар бораи хонаводаҳо ва мунтазам пешниҳод намудани маълумот оид ба тамоюлҳои камбизоатӣ ва нишондиҳандаҳо мусоидат мекунад.

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва DFID бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани идоракунӣ ва татбиқи Тадқиқоти буҷети хонавода дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани имконияти истифодаи васеъ барои қабули қарорҳои бештар фарогири алоқаманд бо сиёсат, ҳамкории худро бо Агентии омор ва Шӯрои камбизоатӣ идома медиҳад.

Дар расми зерин тамоюли сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон нишон дода шудааст, ки аз ҷониби Агентии омор бо истифода аз методологияи тасдиқшуда ва маълумоти Тадқиқоти буҷети хонавода ҳисоб карда шуда, ҳар се моҳ ҳисобот ҷамъоварӣ карда мешавад. Сатҳи камбизоатӣ дар сатҳи миллӣ дар Тоҷикистон аз 37,4 фоиз то 32 фоиз дар байни солҳои 2012 ва 2014 коҳиш ёфта, меъёри камбизоатии ғизоӣ (ки дар асоси хати камбизоатии озуқаворӣ ба 2.250 килокалория барои як нафар дар як рӯз чен шудааст) аз 20 фоиз дар соли 2012 то ба 16.8 фоиз дар соли 2014 поён рафтааст.




 

Другие новости