Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

27.10.2010
Семинар оид ба «Паҳнкунӣ ва чоп намудани натиҷаҳои ТҚК ва ташкили махзани маълумотҳо» гузаронида шуд

Имрӯз дар доираи лоиҳаи «Устуворгардонии системаи омори миллии Тоҷикистон» Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами хадамоти омори Дания ва презентатсияи натиҷаҳои Тадқиқоти Қувваи Корӣ-2009» семинари якрӯза бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ҳамчунин созмонҳои байналмиллалӣ гузаронида мешавад (ҳамагӣ 20 нафар).

Дар семинар масъалаҳои «Паҳн ва чоп кардани натиҷаҳои Тадқиқоти Қувваи Корӣ-2009» ва дигар масъалаҳои ба натиҷаҳои тадқиқоти мазкур дахл дошта мавриди муҳокима қарор мегирад.

Барои баромад кардан дар семинар мушовирони байналхалқӣ Бенте Дирберг и Майкл Фрош аз Раёсати омори Дания даъват шудаанд, ки онҳо дар мавзӯъҳои:
- Омори Дания ва тавсифоти он
- Тадқиқоти қувваи корӣ дар Дания
баромад менамоянд.

Ҳамчунин аз тарафи мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дар бораи натиҷаҳои Тадқиқоти Қувваи Корӣ-2009, ки дар моҳҳои июн–июли соли 2009 гузаронида шуда буд, пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи ТАҶСТАТ кори худро дар соли 2007 шурӯъ карда, аз тарафи Ассотсиатсияи Байнанмиллалии Рушд (Бонки Ҷаҳонӣ), Департамент оид ба ҳамкории байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Агентии Шветсия оид ба рушд ва ҳамкории байналмиллалӣ (SIDA) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст. Маблағи умумиии лоиҳа зиёда аз панҷ миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.(5.85 млн.)
 

Другие новости