Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

17.04.2015
Муҳокимарониҳо оид ба методологияи усули ҳисоби савдои хориҷӣ бо мамлакатҳои шарикони асосӣ

 Рӯзҳои 15-16 апрели соли 2015 бо мақсади такмил додани методологияи баҳисобгирии гардиши савдои хориҷӣ ва таҳлили омори оинавӣ бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии мутахассисони Агентии омор ва Хадамоти гумрук бо намояндагони тиҷоратии масъули Федератсия Русия, сафоратҳонаҳои Ҷумҳурии халқии Хитой ва Ҷумҳурии Туркия, ки дар савдои хориҷии Тоҷикистон шарикони асосӣ мебошанд, баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯриҳо асосан масъалаҳои методологии баҳисобгирии омории гардиши савдои хориҷӣ, мӯътамаднокии маълумотҳои оморӣ ва такмилу табодули таҷрибаи баҳисобгирии нишондиҳандаҳои воридоту содирот баррасӣ гардиданд.

Қайд карда шуд, ки чунин вохӯриҳо барои ташаккули босифати омори расмӣ муфид мебошанд.

Другие новости