Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

14.04.2015
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

10.04.2015с. дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2015 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2015» бо иштироки роҳбарияти Агентӣ, сардорони Сарраёсатҳои мақомоти омори вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омории ноҳияҳои тобеи ҷумхурӣ ва раёсату шӯъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва дигар даъватшудагон баргузор гардид.


Қайд гардид, ки мақомоти омор фармонҳо, супоришҳо, дастуру Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро ба роҳбарӣ гирифта, ҳамаи корҳои барномаи омории дар семоҳаи якуми соли 2015, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 тасдиқ карда буд, пурра иҷро намуд. Ҳамагӣ кариб се ҳазор ҳисоботи оморӣ пешниҳод гардид, ғайр аз ин, дар семоҳаи якуми соли 2015-ум 31 Қарору 108 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 303 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт ҷавобҳои дахлдор таъмин карда шуданд.

Иттилоот, гузоришҳо ва маҷмӯаҳои оморӣ мунтазам таҳия шуданд, ки саривақт ба истифодабарандагон пешниҳод карда шуданд. Зикр гардид, ки дар ин самт бо ташкилотҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории мутақобилаи судманд ба роҳ монда шудааст.


Дар Ҷаласаи мушовара маърӯзаҳо оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2015 ва вазифаҳои минбаъда дар давоми соли 2015 дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо шунида шуда аз ҷониби Директори Агентӣ Гулнора Ҳасанзода ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои оморӣ дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. Махсусан риояи қатъии санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи хизмати давлатӣ дар миёни кормандони омор таъкид гардид.

Барои такмил додани низоми омори миллӣ, як қатор корҳои мушаххас бо шарикон оид ба рушд, аз қабили оғози татбиқи Лоиҳа дар бораи Стратегияи Миллии рушди омор барои солҳои 2015-2018 таъмин карда шуданд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур иборат аст аз: тақвият бахшидани иқтидори институтсионалии хадамоти омор, беҳтар намудани истеҳсоли маълумотҳои оморӣ, беҳтар намудани муколамаи байни истифодабарандаҳо ва истеҳсолкунандаҳо, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, технологияи иттилоотӣ ва коркарди автоматии маълумотҳо.


Қайд карда шуд, ки мувофиқи супориши Сарвазири мамлакат, барои беҳтар намудани вазъи баҳисобгирии оморӣ, гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда буд, ки дар давоми семоҳаи якуми сол, бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳо як қатор иҷрои корҳои мушаххас таъмин карда шуданд. Бо мақсади тафтиши амалии вазъи баҳисобгирии оморӣ ба минтақаҳои мамлакат сафарҳои хизматӣ амалӣ карда шуданд ва нисбати такомулёбии пешбурди корҳои оморӣ дар ҷаласаҳои кории байниидоравӣ муҳокимаҳо сурат гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои гуногуни босифат пеш бурдани корҳои оморӣ, иттилооти саривақтӣ ва дақиқи оморӣ, риояи методологияи амалкунандаи ташаккулёбии омори расмӣ баррасӣ шуданд. Барои минбаъд ҳам баланд бардоштани сифат ва сатҳи корҳои оморӣ қайд карда шуд, ки ба масъалаи мӯътамадии иттилоот мисли пештара аҳамияти махсус дода мешавад.


 

Другие новости