Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

06.04.2015
Дар мавзӯи «Низоми сифат ва андозагирии самараноки низоми оморӣ ва идораҳо» семинари омӯзиши доир шуд

Аз таърихи 1 то 2 апрели соли 2015 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Низоми сифат ва андозагирии самараноки низоми оморӣ ва идораҳо» дар доираи барномаи StatCaB, ки маркази таълимии оморӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои мамлакатҳои исломи (SESRIC) ташкил карда буд, семинари омӯзиши доир шуд.

Семинари омӯзишии мазкурро Ҷаноби Қосим Алиев аз Кумитаи давлатии омори Озарбойҷон гузаронид.

Дар мавзӯи сиёсат ва ҳадафҳо дар соҳаи сифат, Шӯрои ҳамоҳангӣ, оид ба масъалаҳои сифат, намояндаи роҳбарият оид ба сифат, маҷмӯаи ҳуҷҷатҳо оид ба низоми идораи сифат, ҳисобот оид ба сифати маҳсулоти оморӣ, аудити дохилӣ бо мақсади назорати вазъияти ба кор бурану ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳо оид ба идораи сифат, корҳои анҷом додашуда оид ба таъсиси низоми идораи сифат дар Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва рушди низоми метамаълумотҳо дар омори расмии Озарбойҷон презентатсияҳо пешниҳод карда шуданд.
 


Аз ҷумла қайд карда шуд, ки низоми метамаълумотҳои оморӣ як қатор ҳадафҳои муфидро пешниҳод менамояд, масалан: баланд бардоштани иттилооти оморӣ, ошкоркунии муносиб, ба даст овардан ва ҷорӣ кардан, ҳамчун иттилооти оморӣ, масалан: метамаълумотҳои иловагӣ, ихтисор кардани тақвияти такроркорӣ ва баланд бардоштани самаранокии мубодилаи маълумотҳо дар байни қисматҳои ташкилотҳо, инчунин мубодилаи иттилоот дар байни истифодабарандаҳо ва ташкилотҳо.
 


Ба иштирокчиёни семинари омӯзиши фаҳмонда шуд, ки зарурати ҷорӣ намудани стандартҳои (меъёрҳои) байналхалқии сифат дар Агентии омор мавҷуд аст, имконияти таъсис додан ва омӯзонидани қисматҳои ҷудогона оид ба сифат вуҷуд дорад.
 

Другие новости