Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

23.02.2015
Дар веб-сайт Феҳрасти нашрияҳои иттилоотӣ ва хизматрасонӣ барои соли 2015 аз нав гардида аст

 http://stat.tj/catalog/

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 маводҳои оморӣ ва бюллетенҳои нашршавандаро ба истифодабарандагон пешниҳод менамояд.

Маҷмӯаҳо барои доираи васеи хонандагон: кормандони мақомоти идоракунӣ, хадамоти молиявию - иқтисодии корхонаҳо ва ташкилотҳо, доираҳои илмӣ, соҳибкорӣ ва бонкӣ, ҳайати омӯзгорон, аспирантҳо, донишҷӯёни донишкадаҳои иқтисодӣ ва дигар донишкадаҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои давлатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, ҳамчунин барои онҳое, ки иттилооти воқеӣ ва амиқ дар бораи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, пешбинӣ шудаанд.
Шумо метавонед иттилооти хусусияти гуногундоштаро аз маълумот сар карда то маълумотҳои дар бораи вазъи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон дастрас намоед: иттилооти фаврӣ дар бораи ҷамъоварии ҳосили пахта, ҷамъоварии ҳосили зироятҳои кишоварзӣ, кишти зироатҳои баҳорӣ, харидҳо, ҳолати техникаи кишоварзӣ, тарози иҷрояи оҳанпора ва партовҳои фулузот, фаъолияти биржаҳо, истифодаи сӯзишворӣ ва дигар масъалаҳое, ки Шумо манфиатдоред.
Иттилоотро мумкин аст дар намуди маҷмӯа, буллетен, дар мавридҳои ҷугодона бошад, аз барандаҳои оҳанрабоӣ дарёфт кард. Маълумотҳоро кормандони Агентии омор аз рӯи барномаи фармоишгар таҳия ва омода месозанд. Арзиши хизматрасонӣ аз ҳаҷми иттилооти фармоиш вобаста аст.
Барои тартиб додани ҳуҷҷати обуна мутобиқи намунаи варақаи дар феҳраст пешниҳодшуда фармоиш кардан зарур аст.

Телефон барои маълумот: 227-58-07, 227-59-52, 221-23-87
 

Другие новости