Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.01.2015
Эълон барои харидории барномаи 1С SW

Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳа оид ба татбиқи стратегияи миллии рушди омор


Бонки умумиҷаҳонии таҷдид ва рушд («Бонки умумиҷаҳонӣ»), ба ҳайси маъмури маблағҳои грантӣ, ки аз ҷониби донорҳои мухталиф дар чорчӯбаи Фонди трастии бисёрсола барои дастгирии малакаи оморӣ барои мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва ИДМ (ЕCASTAT) баромад намуда, грант барои дастгирии татбиқи нақшаи бисёрсолаи якҷоякардашудаи оморӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва натиҷагирии ҷараёни миллии омор пешниҳод менамояд. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур насби барномаи муҳосибии 1-С SW зерин зарур аст.
Талаботҳо

- имконияти дар сатҳи баланд васл ва таъмини хизматрасонии техникӣ , кафолати барнома дар 12 моҳ
- таҷибаи кофӣ ва иҷрои амалиётҳои монанд барои лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ маблағғузорӣ мешаванд, бо нишондоди сертификат ё мактуб- тавсия
- зиёда аз 5 сол собиқаи корӣ оид ба пешниҳоди хизмати мушовирӣ оид ба барномаи 1С SW
- қобилияти гузаронидани омӯзиш ва истифодабарии барнома , таҳияи дастурамал барои истифодабарӣ
 
Мувофиқи талаботҳои пешниҳодшуда, номзадҳо/ширкатҳо бояд мактуб-дархотро барои иштирок тавассути почтаи электронӣ ё дар лифофа ба номи хонум Гулнора Ҳасанзода – Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактуб-тавсияҳо бо нишон додани рақамҳои телефонии шахсони тавсиядиҳанда, дархост барои иштирок дар озмун бо забони русӣ ё тоҷикӣ, бо забони англисӣ ҳатмӣ, нусхаи ҳуҷҷатҳо, сертификатҳо, ки фаъолияти ширкатро тасдиқ мекунанд, маълумотнома аз мақомоти андоз бо суроғаи дар зер овардашуда то соати 16 -и 2 феврали соли 2015, ирсол намояд:
ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар,17
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ошёнаи 12, ҳуҷраи 1210
Тел:+ 992 37 21 72 08, +992 37 221 23 87, +992 37 221 15 81
Почтаи электронӣ: stat@tojikiston.com
 

Другие новости