Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

26.10.2010
Презентатсияи сомонаи нав ва компакт-диски Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола

Имрӯз дар доираи лоиҳаи «Устуворгардонии системаи омори миллии Тоҷикистон» Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон презентатсияи сомонаи нави Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва компакт-диски Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баргузор шуд.

Дар презентатсия роҳбарияти Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ташкилотҳои байналхалқии донорӣ ва хабарнигорон иштирок карданд.

Барои баромад дар презентация мазкур экпертҳои байналмиллали аз Раёсати Федералии Омори Олмон хонумон Керстин Хансель, Габриела Бенете ва ҷаноби Андреас Блиемейстер даъват шуданд, ки дар таҳия ва нашри сомонаи нав ва диски Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола машваратҳои муфид гузаронданд. Сомонаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъолият хоҳад кард. Барои маълумоти муфассал ба ин сомона даъват менамоем http://www.stat.tj/.

Лоиҳаи ТАҶСТАТ кори худро дар соли 2007 шурӯъ карда, аз тарафи Ассотсиатсияи Байнанмиллалии Рушд (Бонки Ҷаҳонӣ), Департамент оид ба ҳамкории байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Агентии Шветсия оид ба рушд ва ҳамкории байналмилалӣ (SIDA) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз панҷ миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад (5.85 млн.).

Другие новости