Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

20.01.2015
Нишасти матбуотӣ

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми январи соли 2015 дар Маркази Матбуотии Ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, радио ва телевизион аз он ҷумла: рӯзномаҳои  «Паёми Душанбе», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», АМИТ «Ховар», Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон, Муассисаҳои давлатии «Баҳористон», «Чаҳоннамо», «Сафина», шабакаҳои радиоии «Радиои Тоҷикистон», «Овози тоҷик» ва дигарон иштирок карданд.

Пеш аз оғоз нишаст ба рӯзноманигорон дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва дар бораи фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд.

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ хонум Ҳасанзода Гулнора оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар соли 2014 суханронӣ намуд.

Баъд аз ин қисми муҳокима ва саволу ҷавобҳо байни намояндагони воситаҳои ахбор ва кормандони Агентӣ оғоз гардид.

Саволҳо дар маҷмӯъ мавзӯҳои зеринро дар бар мегирифтанд:
- арзиши хонаҳои истиқоматӣ ва масоҳати сохтмони манзил;
- замини кишт ва истеҳсоли картошка дар соли 2014;
- шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ;
- шумора аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла, кӯдакону наврасон) ва қувваи қобили меҳнат;
- истеҳсоли нерӯи барқ, воридот ва содироти он дар давоми соли 2014 ва дигар саволҳо дода шуд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ мувофиқи имкониятҳои мавҷуда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Нишастҳо бо ширкати намояндагони воситаҳои ахбори омма, истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ дар оянда шаффофияти маълумотҳоро таъмин намуда, ба баланд бардоштани сифати корҳо дар самти ҷамъоварӣ, коркард ва таҳияи маълумотҳои оморӣ боис мегарданд.

Другие новости