Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

12.01.2015
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

 8 январи соли 2015 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2014 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2015» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шӯъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва дигар даъватшудагон аз вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки Агентӣ дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014, инчунин фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард.

Сипас маърӯзаи муфассали муовини якуми директори Агентӣ Шокиров Ш. Ш. доир ба самтҳои асосии кори мақомоти омор дар давоми соли 2014 ва нақшаю вазифаҳои минбаъда дар соли 2015 шунида шуд. Аз ҷумла, соли 2014-ум 125 Қарору 438 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1139 мактуб аз вазорату идораҳо барои иҷроиш ворид шуд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд.

Дар бораи соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодиёт ва омори иҷтимоӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти тадқиқотҳои гузарондашуда, ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа ва коркарди маълумотҳои омории солона таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба дигар истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ 92 гузориши махсуси соҳавӣ пешниҳод карда шуд, инчунин гузориш «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шуд.
Дар соли 2014-ум 27 маҷмӯа, 47 маълумот, 105 иттилооти фаврӣ, 201 буллетен тайёр карда шуданд.

Бо мақсади таҳким бахшидани низоми омори миллии Тоҷикистон бо назардошти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ, Стратегияи миллии рушди омор барои солҳои 2012-2016 Агентии омор дар ҳамкории зич бо институтҳои байналмилалии молиявӣ, бахусус Бонки умумиҷаҳонӣ самтҳои афзалиятнокро баҳри рушди омори миллӣ муайян намуда, барои ҷалби сармояи шарикони рушд дар татбиқи Лоиҳаи «Татбиқи Стратегия миллии рушди омор» ба Бонки умумиҷаҳонӣ бо арзиши 2,5 млн.доллари ИМА дархост ирсол намуд. Мактуб-созишнома ба имзо расид ва ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо баҳри шуруъ шудани татбиқи Лоиҳа ба итмом расида, аз моҳи январи соли 2015 фаъолияти асосии лоиҳа оғоз мешавад.

Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои омори вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шунида шуда, аз ҷониби Директори Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

Аз мақомоти маҳаллии омори давлатӣ пешниҳоди саривақтии маълумотҳои эътимодноки оморӣ ва қатъиян роҳ надодан ба ҳолатҳои изофанависӣ дар пешбурди ҳисоботҳои оморӣ талаб карда шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумотҳои омории тавсифкунандаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.

Намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав аз ҳамкории судманди мақомоти омор бо вазорату идораҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар охир муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Норов Қ.Д. доир ба натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

 

Другие новости