Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

30.12.2014
Семинар оид ба хазинаи маълумотҳои «Тоҷикинфо»

 30-юми декабри соли 2014 дар толори маҷлисгоҳи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҷамъбастӣ ҷиҳати пешниҳод ва муаррифии маълумотҳои нав барои хазинаи маълумотҳои «Тоҷикинфо» ва кушодани саҳифаи нав дар хазинаи маълумотҳо бо ширкати кормандони Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳо, Хазинаи кудакони СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ ва ғайра сурат гирифт.

Қайд гардид, ки 19-уми марти соли 2014 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ЮНИСЕФ хазинаи нави маълумотҳоро дар ТоҷикИнфо дар шакли онлайн ҷорӣ намудааст.

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Агентии Қиёмуддин Норов оғоз намуда, аз ҳамкории судманди ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакони СММ) бо Агентӣ изҳори сипос намуд. Зикр гардид, ки солҳои 2007-2008 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази захираҳои Devinfo таъсис ёфта, дар ин замина бо дастгирии техникии ЮНИСЕФ Tojikinfo ба кори худ шуруъ намуд. Имрӯз ин кор натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодааст.

Роҳбари бахши тоҷикистонии ЮНИСЕФ Лусия Элми низ ин гуфтаҳоро тасдиқ кард ва зикр кард, дар ин самт ҳамкориҳо боз ҳам суръати тоза мегирад.

Сипас муаррифии муфассали маъмури ТоҷикИнфо Фурқат Мирпоччоев доир ба ҷой додани маълумотҳои нав ба Хазинаи ТоҷикИнфо сурат гирифт. Дар муаррифӣ доир ба маълумотҳои тоза дар бахши афзоиши табии аҳолӣ, коэффитсиенти умумии таваллуд ва фавт, давомнокии миёнаи умр ва дигар паҳлуҳои ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.
 

Пас аз муаррифӣ миёни ҳозирин саволу ҷавоб, муҳокимаронӣ ва пешниҳодҳои судманд доир гардид.
 

Другие новости