Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

31.12.2014
26 декабри соли 2014 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохури бо донорҳо баргузор гардид

 Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохури бо донорҳо баргузор гардид, ки мақсади асосии он баррасии проблемаҳои мавҷударо бо ҷомеаи донорҳо барои тақвияти рушди низоми омори миллии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Дар вохурии мазкур намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ: Бонки умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Хазинаи нуфуси СММ, Ташкилоти байналхалқии меҳнат, Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Хазинаи кудаконии СММ, Фонди ОғоХон, Агентии Ҷопон оид ба рушд ва ҳамкориҳо, Барномаи рушди СММ, Иттиҳоди Аврупо, ва инчунин вазорату идораҳо иштирок доштанд.

Директори Агентии омор хонум Ҳасанзода Гулнора қайд намуданд, ки Агентии омор Стратегияи миллии рушди омор барои солҳои 2012-2016-ро омода намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро маъқул донистааст ва донорҳои асосии зерин тайёрӣ ба ҳиссагузории худро баҳри ҷорӣ намудани Стратегияи миллии рушди омор иброз намуданд: Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ, Идораи омори Норвегия, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Ташкилоти ҳамокриҳои байналмилалии Олмон, Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Департаменти робитаҳои хориҷии Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ.

Дар асоси Стратегияи миллии рушди омор лоиҳаи ТоҷСтат-2 омода карда шуд. Лоиҳаи мазкур барои дастгирии татбиқи чор самти асосии Стратегияи миллии рушди омор таҳия гардидааст: 
- мустаҳкам намудани малакаи институтсионалии Агентии омор ва Низоми Миллии омор;
- беҳтар намудани ташаккули маълумотҳои оморӣ;
- беҳтар намудани гуфтугуи байни истифодабарандагон ва ташаккулдиҳандагон ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, Технологияҳои иттилоотӣ ва автоматикунонии коркарди маълумотҳо.
Лоиҳаи ТоҷСтат-2 аз ҳисоби хазинаи кумаки барномаи минтақавии ECASTAT бо мақсади беҳтар намудани низоми омор маблағгузорӣ мешавад.

Дар баромади худ Муовини Директор Норов Қ.Д. ба таври мушаххас оид ба доираи фарогирии Лоиҳаи ECASTAT ва аз татбиқи он чи натиҷаҳо ба даст меоянд, равшанӣ андохт.

Презентатсияҳо дар бораи лоиҳаҳои дигар барои соли 2015, ки чорабиниҳои ба лоиҳаи ECASTAT дохил нашударо фаро мегиранд, инчунин вазифаҳое, ки дар назди мақомоти омор истодаанд, вале дар ягон лоиҳаи дигари шарикони рушд ҳамроҳ нагардидаанд, шунида шуд.

Аз ҷумла рушди бахши хусусӣ барои ҷамъоварии маълумотҳои бозори меҳнат мушкилиҳо пеш меорад, зеро шумораи машғулини инфиродӣ шахсони воқеӣ мебошанд, ки ба мақомоти омор иттилоот пешниҳод намекунанд.
Ягона сарчашмаи иттилоот дар бораи шуғл дар бахши хусусӣ ин тадқиқоти қувваи корӣ мебошад. Тадқиқоти мазкур дар мамлакат бо кумаки техники Бонки умумиҷаҳонӣ ҳамагӣ ду маротиба, солҳои 2004 ва 2009 гузаронида шудааст.
Проблемаҳои пуррагӣ ва саривақтии бақайдгирии таваллудшудагон ва фавтидагон тибқи муқаррароти қонунгузорӣ аз чониби САҲШ низ ҷой дорад.

Гузаронидани тадқиқоти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти омори давлатӣ арзёбии рушди соҳибкориро дар ҳамаи сатҳҳо ва таҳияи пешниҳодҳо ва чораҳо оид ба беҳтар намудани ҳамокриҳоро вогузор кардааст).

Гузаронидани тадқиқот оиб ба хароҷоти савдои чакана (набудани маълумот дар бораи хароҷотҳои моддӣ ва моли субъектҳои савдо, ҷуғрофия ва сарчашмаи истеҳсоли мол, захираи он барои фаъолияти минбаъдаи корхонаҳои савдо ва шахсони воқеӣ. Иттилооти мазкур барои ҳисоби ММД ва Ҳисобҳои миллӣ зарур аст).

Омодагӣ ба барӯйхатгирии аҳолии раунди соли 2020 дар соли 2015 шуруъ мешавад. Сар карда аз соли равон кумаки техникӣ барои ташаккули заминаи меъёрӣ ҳуқуқӣ, ташкили сафарҳои хизматӣ бо мақсади шиносоӣ бо саволномаҳои намунавӣ барои баруйхатгирии дар пешистода ва ҷорӣ намудани Низоми иттилоотии ҷуғрофӣ барои харитакунонии баруйхатгири зарур аст. 

Нисбатан дар сатҳи паст қарор доштани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ паҳн намудани таҷриба ва пешниҳоди иттилоотро мушкил мегардонад, бо ин мақсад таъсиси шабакаи корпоративии байни мақомоти омори ноҳияҳо ва вилоятҳо зарур аст.

Намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ муҳимияти масъалаҳои гузошташуда, бахусус ба таври мунтазам гузаронидани тадқиқоти қувваи корӣ, тадқиқоти соҳибкории хурду миёнаро дастгирӣ намуда, бо назардошти масъалаҳое, ки бо фаъолияти бевоситаҳои онҳо алоқамандӣ дорад, барои ҳиссагузорӣ намудан омода мебошанд. Қайд карда шуд, ки вобаста ба он чорабиниҳое, ки айни замон ниёз ба маблағгузорӣ доранд, иттилоот дар сомонаи Агентӣ ҷой дода шавад ва гузаронидани чунин вохурӣ бо донорҳо ба таври мунтазам ба роҳ монда шавад.

 

Другие новости