Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

22.12.2014
Презентатсия оид ба натиҷаҳои таҳқиқи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон

 Санаи 19 ноябри соли 2014 дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» бо ташаббуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) муаррифии барномаи «Натиҷаҳои таҳқиқи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон» сурат гирифт. Дар кори он роҳбарон ва кормандони зиёда аз 20 ташкилоту идораҳо, аз ҷумла Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Байналмилалии Меҳнат, ташкилоту идораҳои дигари дахлдор, воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Нишастро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ин кори аввалин доир ба баҳодиҳии меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон мебошад.

Ӯ аз Созмони Байналмилалии Меҳнат ва дигар ташкилотҳои ҳамкор изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Барои гузаронидани таҳқиқот ва пешниҳоди маводи мазкур 150 нафар кормандони Агентӣ иштирок намуданд.

Сипас аз ҷониби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебо Наботова, муовини аввали Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эминҷон Сангинзода, ҳамоҳангсози миллии Созмони Байналмилалии Меҳнат Собир Аминов ба сухан баромада муҳимияти масъалаи мазкурро иброз доштанд.

Ҳамоҳангсози барномаи СБМ дар Тоҷикистон Муҳайё Хосабекова дар мавзӯи «Фаъолияти СБМ дар Тоҷикистон – сайъу кӯшиши Ҳукумат, шарикони иҷтимоӣ, созмонҳои байналмилалӣ» андешаҳои худро иброз дошт.
Сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Қулов дар мавзӯи «Таҳқиқи меҳнати кӯдакон аз солҳои 2012-2013» муфассал баромад намуд.
Дар баромад доир ба мафҳуми «меҳнати кӯдакон», сабабҳои меҳнати кӯдакон ва самтҳои гузаронидани пурсишнома миёни 22, 6 фоизи кӯдакони синнусоли 5-17 сола маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки тақсимбандӣ пеш аз ҳама аз рӯйи намуди шуғл, синну сол, ҷои кор, мақоми кор ё шуғл ва дигар паҳлуҳо тибқи стандартҳои мавҷуда гузаронида шуд.
Дар охир саволу ҷавоб, муҳокимаронӣ ва пешниҳодҳои судманд доир гардид.

 

Другие новости