Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

18.12.2014
Эълон барои ишғоли мансаби холии корӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳа оид ба татбиқи стратегияи миллии рушди омор

 Бонки умумиҷаҳонии таҷдид ва рушд («Бонки умумиҷаҳонӣ»), ба ҳайси администратори маблағҳои грантӣ, ки аз ҷониби донорҳои мухталиф дар чорчӯбаи Фонди трастии бисёрсола барои дастгирии малакаи оморӣ дар мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва ИДМ (ЕCASTAT) маблағгузорӣ карда мешаванд, баромад намуда, грант (2,5 млн. доллари ИМА) пешниҳод менамояд барои дастгирии татбиқи нақшаи бисёрсолаи якҷоякардашудаи оморӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва натиҷагирии ҷараёни миллии омор.

Барои ташкили татбиқи лоиҳаи мазкур мансаби холии зерин зарур аст:

1. Ҳамоҳангсози Лоиҳа

Ҳамоҳангсози Лоиҳа – ҳамоҳангсозии самаранок ва амалии фаъолиятро дар ҳама қисмҳои таркибии лоиҳа таъмин менамояд.

Уҳдадориҳо ва талаботҳои тахассусӣ:

 Талаботҳои тахассусӣ:


Мансабдорони ҳукуматӣ ва хизматчиёни давлатии мамлакати Қарзгиранда (дорандаи вомбарг) метавонанд танҳо тавассути шартномаҳои консалтингӣ бо шартҳое, ки чунин кироя бо ягон аз қонунҳои амалкунанда оид ба машғулият ё дигар қонунҳо ва қоидаҳо ё сиёсати мамлакати Қарзгиранда мухолиф набошад, ва ё агар онҳо

(I) дар рухсатии бе нигоҳдории музди меҳнат бошанд, ё ба истеъфо ё нафақа баромаданд;

(II) аз ҷониби Агентӣ, ки онҳо дар онҳо пеш аз ба рухсатии бе нигоҳдории музди меҳнат, истеъфо ё нафақа баромадан, фаъолият мекарданд, кироя карда намешаванд;

(III) кирояи онҳо мухолифати манфиатҳоро ба амал наоварад, кироя карда шаванд. Дар ҳолати ба истеъфо ё нафақа баромадан, дар давоми на камтар аз 6 (шаш) моҳ, ё худ мӯҳлати аз он зиёдтар, ки онро қонунгузорӣ муайян намудааст, барои хизматчиҳои давлатӣ дар мамлакати Қарзгиранда, метавонанд ҳуҷҷатҳоро барои иштирок дар озмун бо мақсади ишғол намудани ҷойҳои холӣ супоранд.

Мувофиқи талаботҳои пешниҳодшуда, номзадҳо бояд мактуб-дархотро барои иштирок тавассути почтаи электронӣ ё ба таври шахсан пур намудан дар лифофа ба номи хонум Гулнора Ҳасанзода – Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактуб-тавсияҳо бо нишон додани рақамҳои телефонии шахсони тавсиядиҳанда, СV (резюме) бо забони русӣ ё тоҷикӣ, бо забони англисӣ ҳатмӣ, нусхаи ҳуҷҷатҳо, сертификатҳо, ки таҳсилотнокии номзадро тасдиқ мекунанд бо суроғаи дар зер овардашуда то соати 16-и 24 декабри соли 2014, ирсол намоянд:

ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар, 17
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ошёнаи 12, ҳуҷраи 1210
Тел:+ 992 37 21 72 08, +992 37 221 23 87, +992 37 221 15 81
Почтаи электронӣ: stat@tojikiston.com





 

 

Другие новости