Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.11.2014
Муаррифии барномаи ФАО барои назорат ва таҳлили нархи маводи ғизоӣ, 18 ноябри соли 2014

“Қабули қарор дар масъалаҳои вобаста ба амнияти озуқаворӣ бояд дар асоси низоми иттилоотии фаъол сурат гирад, ки ин низом тамоми равандҳоро назорат ва пайгирӣ намуда таъсири ин равандҳоро ба таври сареъ арзёбӣ ва аз онҳо натиҷаҳои ибртабахшро барои таъсир гузоштан дар раванди тасмимгирӣ бармало менамояд.”
Иқтибос аз Мухтасари Ҳолати норасоии ғизоӣ дар ҷаҳон соли 2014 (СОФИ 2014), ФАО, Рум.

Парвози нархҳои маводи ғизоӣ дар ҷаҳон солҳои 2007- 2008 боиси баланд шудани нархҳои бозори дохилии кишварҳои дар ҳоли рушд гардид, ки ба тағзияи қишри камбизоат таъсир расонида омили камбудии ғизо шуд. Марҳалаи ноустувории бозори маводи ғизоӣ фаро расид, ки зарурати таҳлили нархи бозор барои кӯмак расонидан ба тасимгирандагонро бармало намуд. Алорағми ин зуҳурот, Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) фаъолияти марбут ба назоарт ва таҳлили худро пурзӯр ва барномаи онлайнии худро оид ба назорат ва таҳлили нархи маводи ғизоӣ таҳия намуд. Бо такя бар муваффақият ва таҷрубае, ки аз таҳияи барномаи назорат ва таҳлили маводи ғизоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба дас т омад, ФАО истифодаи ин барномаро айни ҳол дар сатҳи кишвар мутобиқ менамояд.

Истифодаи барномаи ФАО дар сатҳи маҳал ва дар пайвастагӣ бо низоми ҷории касби иттилоот метавонад ҷиҳати расонидани иттилоот оид ба нарх ва таҳлили бозор барои афроди тасмимгиранда мусоидат намояд.
ФАО тавассути лоиҳае, ки аз Ҳукумати Туркия дастгирӣ ёфтааст ва бо мусоидати лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣшуда “Мусоидат ба таҳкими низоми иттилоотии миллӣ оид ба амнияти озуқаворӣ” дар ҳамкорӣ бо Агентии омори назди Президенти ҶТ барномаи худро оид ба назорат ва таҳлили нархи маводи ғизоӣ насб намуд. Мутахассисони калидии Агентии омор ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор санаи 19 уми ноябри 2014 ба омӯзиши барномаи мазкур дар шаҳри Душанбе фаро гирифта мешаванд. Омӯзишро коршиносони ФАО, ки дар идораи марказии воқеъ дар Рум доир менамоянд.

Барномаи тоҷикистонии назорат ва таҳлили нархи маводи ғизоӣ ба Агентии омор ва дигар ниҳодҳои зирабт дар рушди сифативу микдории иттиллоти вобаста ба бозор ва амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва дар пешбурди раванди сиёсатсозии воқеӣ дар соҳа ва қабули қарор дар Тоҷикистон саҳмгузор хоҳад буд.
 

Другие новости