Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

21.10.2014
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

17.10.2014 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мушовара гузаронида шуд, ки дар он оид ба «Фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 9 моҳи соли 2014 ва вазифаҳои минбаъда» қайд карда шуд.

Дар ҷаласаи мушовара роҳбарони Агентӣ, сардорони Раёсату Шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ, Маркази кулии ҳисоббарорӣ, Мақомотҳои омори шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва аз Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо даъвати Агентӣ ширкат варзиданд.

Қайд гардид, ки Мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2014 фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро ба роҳбарӣ гирифта, барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳуриро оид ба корҳои оморӣ ва вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. Ҳамагӣ 7345 ҳисоботи оморӣ пешниҳод намуд.

Инчунин дар 9 моҳи соли 2014-ум 1268 ҳуҷҷат гирифт аз он ҷумла: 101 Қарору 332 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 835 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд.

Агентӣ лоиҳаи барномаи солонаи корҳои омориро дар асоси талаботи истифодабарандагони иттилооти оморӣ ва мутобиқ намудани омори расмӣ ба стандартҳои байналмилалӣ таҳия намуда, барои соли 2015 баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Мунтазам маълумотҳо омода ва гузоришҳою маҷмӯаҳои оморӣ таҳия шуда, саривақт ба истифодабарандагон пешниҳод шуданд. Бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ҳамкории мутақобилаи судманд ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷаласаи маърӯза оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар 9 моҳи соли 2014 ва вазифаҳои минбаъда дар давоми соли 2014 дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шунида шуд.

Директори Агентии омор ба мақомоти омори марказӣ ва маҳаллӣ барои беҳтар намудани фаъолият оид ба сари вақт пешниҳод намудани маълумотҳои оморӣ оид ба кишоварзӣ, саноат, нархҳои истеъмолӣ, демография ва омори иҷтимоӣ, риоя намудани методологияҳои амалкунанда, азнавкунии омори расмӣ як қатор дастуру супоришҳо доданд.


 

Другие новости