Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

15.10.2014
Дар Агентӣ натиҷаҳои ҷамъоварии иттилоот оид ба амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Тоҷикистон презентатсия баргузор гардид

 14 октябри с. 2014. Агентии омори назди Президенти ҶТ аз ҳамаи созмонҳои ҳукуматӣ ва байналмилалие, ки дар самти амнияти озуқаворӣ ва ғизо фаъолият доранд, даъват ба амал овардааст то дар расми муаррифии натиҷаҳои тадқиқоти таҷрибавии баҳодиҳии гуногунии таркиби ғизои занон дар чорчӯбаи тадқиқоти буҷаи хонавода, ки моҳи июни соли 2014 дар вилояти Хатлон доир гардидааст ва дар толори маҷлиси Агентии омори баргузор мегардад, ширкат намояд.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Тоҷикистон дархост намуд, то дар ҷамъоварии маълумот оид ба масъалаҳои ғизоӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи “Мусоидат ба таҳкими низоми миллии иттилоотӣ оид ба амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад, мусоидат намояд. Тоҷикистон аллакай тадқиқоти буҷаи хонаводаро дар сатҳи миллӣ мунтазам доир менамояд, аммо то кунун ба ин тадқиқот бахши ғизо на дар сатҳи инфиродӣ ва на дар сатҳи хонавода шомил набуд.

Бисту се нафар кормандони Агентии омор дар семинари 6 рӯзае, ки моҳи май соли 2014 дар шаҳри Курғонтеппаи вилояти Хатлон баргузор гадид нозукиҳои гузаронидани чунин тадқиқотро аз мутобиқнамоии ин барнома ба шароити кишвар то ҷамъоварию таҳлили маълумот омӯхтанд. Баъди омӯзиш, кормандони Агентии омор усули баҳодиҳии гуногунии таркиби ғизои занонро, ки ба шароити кишвар мувофиқ шуда буд тариқи таҷрибавӣ дар 4 минтақаи шаҳрнишин ва 11 минтақаи рустоии вилояти Хатлон истифода намуданд: дар маҷмӯъ бо 331 нафар занони синни солаи мёнаашон 34.5 сола мусоҳиба намуданд.

Дар оғози ин иқдом масъулини лоиҳа бо ҳамаи созмону институтҳои соҳавӣ, аз қабили Пажуҳишгоҳи ғизои Вазорати саноати ҶТ, Хазинаи кӯдакон, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Ташкилоти ҷаҳонии озуқа, Бонки ҷаҳонӣ, ЮСАИД ва ғ. ҷаласаҳои машваратӣ доир намуда ҳадафи тадқиқоти таҷрибавиро муаррифӣ намуданд.

Натиҷаҳои аввалия гуногунии таркиби ғизоии занон дар вилояти Хатлонро нисбат ба тадқиқотҳои ҳамсон, ки қаблан дар кишварҳои дигар баргузор гардидааст беҳтар шумориданд: натиҷаҳо эҳтимолияти таркиби ғизоии (вуҷуди витамину минералҳо) занони ба тадқиқот фарогирифтаро хуб нишон доданд. Аммо, эҳтимол меравад, замони гузаронидани тадқиқот, ки ба моҳи июн, яъне мавсими фаровонии меваю сабзиҷот рост омад ва ин ки маълумот танҳо аз як минтақаи чуғрофӣ ҷамъоварӣ шудааст ба чунин натиҷагирӣ таъсир расонида бошад.

Гузаронидани тадқиқоти гуногунии таркиби ғизоӣ дар миқёси васеътар, ки мавсимҳои гуногуни сол, минтақаҳои мухталиф ва гуруҳҳои иҷтимоиву иқтисодии гуногунро дар кишвар фаро гирад метавонад арқоми муҳимро дар сатҳи миллӣ дар ихтиёри мақомоти тасмимгиранда гузорад. Чунин тадқиқот ҳамчунин метавонад дар муайян намудани минтақаҳо ва он қисмати аҳолӣ, ки таҳти хатари камғизоӣ ё норасоии микроэлеменҳо қарор доранд кӯмак намояд.




 

Другие новости