Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.09.2014
Семинари сатҳи баланд барои мамлакатҳои Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Миёна «Сифат дар омор: чи тавр тағйиротҳоро идора намуд», Кишинёв, 16-18 сентябри соли 2014 .

 Дар семинари мазкур қариб 60 намоянда аз мамлакатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Кирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина, Ўзбекистон, Литва, Олмон, Шветсия, Норвегия, Словакия, Исландия, Туркия, Омори Аврупо, Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ, Ташкилоти савдои озоди Аврупо ва ғайраҳо иштирок доштанд.

Дар чаҳорчубаи семинар 8 сессия доир гардид, ки комёбиҳои навтарин дар Омори Аврупо, раунди навбатии санҷише, ки худбаҳодиҳӣ дар мамлакатҳои аъзо ба асос гирифта нашудааст, баррасии конунгузории омории аврупоӣ ва стратегияи таъмини Иттиҳоди Аврупо оид ба чаҳорчубаи сохтори идоракунии сифати иттилооти оморӣ баррасӣ шуданд.

Намояндаҳои мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳисобот оид ба комёбиҳо дар ҷодаи идоракунии сифат пешниҳод намуданд.

Дар сессияи 3-юм ба ҳайси раиси сессия Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулнора Ҳасанова, оид ба конференсияҳои дигари бо масъалаҳои сифати иттилоот алоқмандидошта, вохӯриҳои сатҳи байналмилалӣ, хулосабарориҳо ва ибрози ақида доштанд. Ғайр аз он, дар сессия мутобиқат ва тафовути Кодекси меъёрҳои омори аврупоӣ ва принсипҳои асосии омори расмии СММ пешниҳод карда шуданд.

Шиносоӣ бо модели бизнес-равандҳо, ҳамчун модели омории бизнес-равандҳо, ҳамчунин масъалаи идоракунии раванди истеҳсолӣ ва риояи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ масъалаи муҳими ҷаласа шуморида шуд.

Ҳамчунин масъалаҳои аз нав такмили сохтори Институтҳои миллии оморӣ баҳри баланд бардоштани сифати маълумотҳои оморӣ ва бизнес – равандҳои дохилии дастгоҳи марказӣ, аз навсозии сохтори шуъбаҳои марказӣ ва мақомоти маҳаллӣ, маркази ҳисоббарории дастгоҳи марказӣ дида баромада шуданд.

Масъалаҳое, ки бо ҳамкориҳои омории Омори Аврупо ва мамлакатҳои Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Миёна алоқаманд мебошанд, аз рӯи натиҷаҳои тадқиқоти ҳамоҳангсозии фаъолияти донорҳо, иттилоот оид ба курсҳои омӯзишии банақшагирифташуда барои мамлакатҳои АШҚОМ ва чорабиниҳои минбаъда оид ба арзёбиҳои глобалии мутобиқгардонишуда пешниҳод шудаанд, баррасӣ шуданд.

 

Другие новости