Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

01.09.2014
Рӯзи 29-уми август дар Агентӣ доир ба баррасии нишондиҳандаҳои хазинаи маълумотҳои «ТоҷикИнфо» ва хазинаи нави маълумотҳо тибқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола семинари корӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур аз ҷониби мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) доир гардид.

Дар чорабинӣ мутахассисони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази кулли ҳисоббарорӣ ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи семинар бо мақсади фаҳмонидани мақсаду вазифаҳои дар назди мақомоти омор гузошташуда муовини якуми Директори Агентӣ Шокиров Ш. Ш., муовини Директор Норов Қ. Д. ва мутахассис оид ба мониторинг ва баҳогузории ЮНИСЕФ Ибодова Ш. баромад намуда зикр карданд, ки пас аз ифтитоҳ ва пешниҳоди хазинаи нави «Тоҷикиинфо» ҷиҳати беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти саривақтӣ ва босифат, аз ҷумла ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баррасии баъзе нишондиҳандаҳои он зарур аст.

Мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарии барномаи Devinfo ва ҳолати пешрафти онро дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Дар ин замина, имкониятҳои мавҷудаи истифода аз хазинаи маълумотҳои «ТоҷикИнфо», аз ҷумла мураттаб намудани ҷадвал, графикҳо ва харитаҳо нишон дода шуд.

Сипас ба ширкаткунандагони семинар рӯйхати нишондиҳандаҳо оид ба демография, тандурустӣ, маориф, муҳити зист, маводи истеъмолӣ, иқтисодиёт, ҳифзи кӯдакон, иттилоот ва коммуникатсия пешниҳод гардид. Дар рафти семинар қайд карда шуд, ки бештар аз такроркунии бемавқеъ даст кашида, ихтисори баъзе нишондиҳандаҳо ногузир аст ва хуб мешуд нишондиҳандаҳо дар қисмати ноҳияҳо зиёдтар дарҷ гарданд. Иштирокчиён пешниҳод карданд, ки ба рӯйхат сарчашмаи маълумотҳо низ нишон дода шавад.

Ҳамзамон, қайд шуд, ки нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола аз хазинаи маълумотҳои «ТоҷикИнфо» гирифта шаванду баъзе эродҳо, пешниҳодҳо дар самти беҳтар шудани нишондиҳандаҳо ба таври хаттӣ ба Агентӣ пешниҳод карда шаванд.

Дар охир иштирокчиён қайд намуданд, ки пас аз таҷдиду баррасии хазинаи маълумотҳо рӯнамоӣ ва омӯзиш оид ба истифодаи «ТоҷИкинфо» баргузор карда шавад.

 

Другие новости