Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

22.07.2014
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

 21.07.2014с. Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2014 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2014» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шӯъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва дигар даъватшудагон аз вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Қайд гардид, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014, инчунин фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро ба роҳбарӣ гирифта, барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳуриро оид ба корҳои оморӣ ва нақшаи чорабиниҳоро дар 6 моҳи соли 2014, вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. Ҳамагӣ 5,1 ҳазор ҳисоботи оморӣ пешниҳод кард.

Инчунин дар давоми нимсолаи якуми соли 2014-ум 65 Қарору 227 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 625 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки саривақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд. 
Мунтазам маълумотҳо омода ва гузоришҳою маҷмӯаҳои оморӣ таҳия шуда, саривақт ба истифодабарандагон пешниҳод шуданд. Бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ҳамкории мутақобилаи судманд ба роҳ монда шудааст.

Дар Ҷаласа маърӯза оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2014 ва вазифаҳои минбаъда дар давоми соли 2014 дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шунида шуда, аз ҷониби Директори Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. 

Аз мақомоти маҳаллии омори давлатӣ пешниҳоди саривақтии маълумотҳои эътимодноки оморӣ ва қатъиян роҳ надодан ба ҳолатҳои изофанависӣ дар пешбурди ҳисоботҳои оморӣ талаб карда шуд. Баландбардории сатҳу сифати корҳо дар самти пешбурди ҳисоботҳои омории бахши воқеии иқтисод, нархҳои истеъмолӣ, омори демографӣ, иҷтимоӣ ва омори истеҳсоли маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ дар бахши ҷамъиятию хоҷагиҳои аҳолӣ баррасӣ гардида, афзалияти боз ҳам беҳсозии нишондиҳандаҳои фаъолият қайд карда шуд.

Дар ҷараёни Ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумотҳои омории тавсифкунадаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд. 

Вобаста ба татбиқи пурсамари корҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар самти омори тадқиқоти хонаводаҳо ва гузариш ба тадқиқи интихобии фаъолияти истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ дар ноҳияҳои санҷишӣ мунозираҳо барпо шуданд.

 

 

Другие новости