Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

26.07.2014
25-уми июли соли ҷорӣ дар Маркази Матбуотии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотӣ гузаронид

 Дар нишасти матбуотӣ намояндагони зиёда аз 12 рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, радио ва телевизион аз он ҷумла: рӯзномаҳои «Азия плюс», «Паёми Душанбе», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Вечерний Душанбе», «Чархи гардун», АМИТ «Ховар», телевизионҳои «Баҳористон», «Чаҳоннамо», «Радиои Тоҷикистон», радиои «Озодӣ», ва дигарон иштирок карданд.

 Дар конфронси матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2014 ва дар бораи  фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2014 буклети нишондиҳандаҳои фаврӣ пешниҳод карда шуд.
 Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ Ҳасанова Г.К., оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нимсола якуми соли 2014 суханронӣ намуд. Дар муҳокимаи мавзӯъ инчунин муовинони Директори Агентӣ Шокиров Ш.Ш., Асоев А.Р. ва Норов Қ.Д., сардорони раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва Маркази кулли ҳисоббарорӣ иштирок намуданд.
Баъд аз ин қисми муҳокима ва саволу ҷавобҳо байни намояндагони воситаҳои ахбор ва кормандони Агентӣ оғоз гардид.

Саволҳо умуман дар мавзӯҳои зерин буданд оид ба:

 - сатҳи камбизоатӣ дар соли 2013, сатҳи камбизоатии шадид (ғизоӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳамчунин оид ба методологияи ҳисоб кардани сатҳи камбизоатӣ, рақамҳои муқоисавии сатҳи камбизоатӣ нисбати солҳои гузашта ва ғайра;
- тадқиқоти буҷети хонаводаҳо;
- кӯмакҳои башардӯстона ба ҷумҳурӣ аз рӯи кишварҳо ва ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстона;
- воридоти маҳсулот аз рӯи кишварҳо;
 - шумораи аҳолии синни то 18 сола;
- интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷа қарор дошта;
- шумораи хонаводаҳое, ки мошинҳои сабукров ва боркаш доранд;
- истеҳсоли картошка дар соли 2013 ва замини кишти картошка дар соли 2014;
- санҷишҳои гузаронидашуда дар бораи эътимоднокии маълумотҳои ҳисоботҳои оморӣ;
- ҷаримаҳои таъингардида барои пешниҳод накардан ва пешниҳоди ҳисоботҳо бо хатогиҳо пешниҳодшуда.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ мувофиқи имкониятҳои мавҷуда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Гузаронидани чунин маъракаҳо бо иштироки васеи воситаҳои ахбори омма, истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ дар оянда шаффофияти маълумотҳоро таъмин намуда, сабаби баланд бардоштани сифати корҳои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳияи маълумотҳои оморӣ мегарданд.
 

Другие новости