Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

23.07.2014
Ҷаласаи 2-уми намояндагии INOGATE оид ба дастгирии техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Нақшаи амали қабулшуда оид ба омори энергетикӣ

Аз 21 то 22 июли соли дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми намояндагии INOGATE оид ба дастгирии техникӣ ба Ҷумҳурии Точикистон барои татбиқи Нақшаи амали қабулшуда оид ба омори энергетикӣ котиботи техникии INOGATE бо коршиноси котиботи техникии INOGATE хонума Аленка Киндерман ва ҷаноби Дамир Пешут гузаронида шуд.


Ҷаласаи техникӣ дар худ хулосаи назариявии меъёрҳои аврупоӣ ва байналхалқиро оид ба омори энергетикӣ, таҳия ва коркарди низомҳои ҳисобдиҳӣ, ки ба стандартҳои байналхалқӣ асоснок карда шудаанд, тартиб додани тарозҳои (балансҳои) энергетикӣ, маҳимияти муқоисапазирии маълумотҳои мӯътамад оид ба омори энергетикӣ барои сиёсати миллӣ дар бар мегирад.


Ҳадафи асосии ҷаласа баланд бардоштани сатҳи касбию тахассусии кормандони Агентии омор дар ҷамъоварӣ, коркард, ҳифзу нигоҳдорӣ ва паҳн намудани омори энергетикӣ, тарозҳо (баланс) ва мутобиқсозии ба меъёрҳои аврупоӣ ва байналхалқӣ буд.


Барномаи INOGATE ҳамкориро дар бахши энергетикӣ байни Иттиҳоди Аврупоӣ ва мамлакатҳо – шарикони INOGATE дастгирӣ менамояд. Барномаи INOGATE ҳамаи сатҳои афзалиятноки харитаҳои роҳҳои энергетикиро мепӯшонад ва ба мамлактҳои – шарикон пешниҳод менамояд, ки беҳтар шудани ҳамкории энергетикиро дастгирӣ намоянд.


Аз 7 то 11июли соли 2014 дар доираи Барномаи котиботи техникии INOGATE дар шаҳри Венаи семинарии омӯзиш оид ба омори энергетикӣ ва тарози энргетикӣ, ки мутахассисони Агентӣ ширкат варзиданд.


 

Дар семинар – машварат намояндагони мақомоти омори Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Белорус, Украина, Молдова ва Тоҷикистон иштирок намуданд.


 

Другие новости