Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

01.07.2014
Семинари омӯзишӣ оид ба «Ҷорӣ намудани тағйиротҳои СҲМ, ки бевосита ба ҳисоби ММД таъсир мерасонанд», 30 июн – 4 июли соли 2014, шаҳри Остонаи Қазоқистон

 Дар ҷаласаҳои Комиссияи омори СММ, Комиссияҳои минтақавии омори СММ барои Аврупо, Осиё ва уқёнуси Ором бо назардошти тағйиротҳои глобалии ҷаҳонӣ вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои нав қабул шудаанд. Яке аз чунин вазифаҳои муҳим ин гузариш ба низоми ҳисобҳои миллии соли 2008 ба ҳисоб меравад. Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани НҲМ - 2008 созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Хазинаи байналмилалии Асъор, Бонки умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд, хадамоти омори давлатҳои дунё ва ғайраҳо ташаббус бардоштаанд, ки саҳмгузорӣ намоянд.

Чорабинии навбатӣ вобаста ба ҷорӣ намудани НҲМ- 2008 30 июн – 4 июли соли 2014 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббус ва дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои мамлакатҳои Осиё ва уқёнуси Ором, Донишкадаи омори СММ барои мамлакатҳои Осиё ва уқёнуси Ором, Хадамоти омори Русия ва Агентии омори Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида истодааст.

Дар семинари омӯзишӣ намояндаҳои мақомоти омори Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат намуда истодаанд.

Дар рӯзи нахустини семинар намояндаҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаи «Нақшаи амалиёт оид ба ҷорӣ намудани НҲМ -2008 дар Точикистон» баромад намудаанд.
Дар асоси таҷрибаи иштирокчиён, тавсияҳои донишкадаҳои молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла Хазинаи байналмилалии Асъор, коршиносони омори СММ дар нақшаи амалиёт барои татбиқи НҲМ – 2008 тағйиротҳои зарурӣ ворид карда мешаванд, барои баррасӣ ва мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда мешавад.
Қайд кардан зарур аст, ки нақшаи амалиёт ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ бояд ба тасвиб расонида шавад ва иҷрои чорабиниҳои он мавриди назорат қарор дода шаванд.

 

Другие новости