Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

26.06.2014
Машварати 9 –уми Гурӯҳи кории омор аз рӯи барномаи махсуси СПЕКА барои мамлакатҳои Осиёи Миёна 25-27 июни соли 2014, Боку, Озарбойҷон

 

 

 

 

 

 

 

Гурӯҳи кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Директори Агентӣ – хонум Ҳасанова Г.К. дар Машварати 9 –уми Гурӯҳи кории омор аз рӯи барномаи махсуси СПЕКА барои мамлакатҳои Осиёи Миёна дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон иштирок менамоянд.

Мақсад ва вазифаҳои Машварат ба масъалаҳои саммити РИО+20 ва рӯзномаи кории баъди соли 2015 барои дастгирӣ ба ҳукуматҳо дар якҷоякунии маълумотҳои мувофиқ дар омори миллӣ дар ҳамаи ҷанбаҳо, аз ҷумла рушди «иқтисодиёти сабз» ва ҳифзи экосистема ҷавобгӯ мебошанд. Натиҷаҳои арзёбиҳои глобалии мунофиқи гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки омори экологӣ бояд бо назардошти нишондиҳандаҳои экологӣ ва ҳисобҳои экологӣ-иқтисодии мувофиқ тақвият дода шавад.

Ҳамчунин он ба дархости мамлакатҳои барномаи СПЕКА дар машварати 8 гурӯҳи кории лоиҳаи СПЕКА – баррасии перспектива ва проблемаҳои татбиқи низоми баҳисобгирии экологӣ-иқтисодӣ (НБЭИ) бо таваҷчӯҳи махсус ба об ва неруи барқ мувофиқ карда шудааст.

25 июн хонум Ҳасанова Г.К. бо маърӯзаи «Омори захираҳои оби Тоҷикистон» баромад намуд, ки таваҷҷуҳи хосаи иштирокчиёни машварат гардид.

26 июн хонум Ҳасанова Г.К. Раисикунандаи сессияи 3 «Низоми баҳисобгирии экологӣ-иқтисодӣ (НБЭИ): Консепсия ва мафхумҳо таъин гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои Машварат тавсияҳо, ки ба беҳтар намудани низоми баҳисобгирии экологӣ-иқтисодӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар ҳисоботҳои оморӣ равона шудаанд, таҳия мегарданд

 

Другие новости