Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

30.05.2014
Дар Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳо аз 19 то 28 майи соли 2014 коршиноси шӯъбаи омори Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ хонум Расмия Алиева ташриф овард.

Ташрифи мазкур дар доираи лоиҳаи якҷояи Агентии омор ва Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ «Дастгирии тақвияти низоми миллии иттилооти амнияти озуқавории Тоҷикистон» сурат гирифт.

Вохуриҳои коршинос бо кормандонии Агентии омор, ки барои пешниҳоди маълумотҳо оид ба тавозуни озуқаворӣ масъул мебошанд, мутахассисони вазорату идораҳо баргузор шуданд. Меъёри хароҷоти тухмӣ, сарчашмаҳои захираи давлатӣ, коэффитсиентҳои бозҳисоб, бозҳисоби ашёи хом ба маҳсулоти тайёр, муайян намудани захираи маҳсулот, тағйирёбии захираҳо баррасӣ карда шуданд.

Қайд карда шуд, ки коэффитсиентҳои бозҳисоби маводи озуқа ба маҳсулоти аввалия аз рӯи тақсимоти ҷузъӣ, номгӯи меъёрҳои миёнаи ашёи хом ба воҳиди маҳсулот, муносибати ягона ба низоми таснифот ва рамзгузорӣ бояд таҳия карда шаванд.

Семинар оид ба методикаи Ҳисобҳои истифодаи молтаъминкунӣ ва Тавозуни озукавории Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ 27 майи соли 2014 дар Агентии омор доир гардид. Дар семинар аз ҷониби Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ - Франсуаз Трин, сармушовири техникии Лоиҳа, Абдусалоҳ Расулов – менеҷери миллии лоиҳа, Фаривар Афсахзод – мушовири миллии лоиҳа иштирок доштанд.

Ба семинар мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисодии кишоварзӣ, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла», Корхонаи воҳиди давлатии «Хурокворӣ», Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия, Маркази «Ғизо»-и Вазорати тандурустӣ ва ғайраҳо даъват шуда буданд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанова Гулнора Кенҷаевна барои пешниҳоди кумаки техникӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Дастгирии тақвияти низоми миллии иттилооти амнияти озуқавории Тоҷикистон» миннатдорӣ изҳор намуда, муҳимияти истифодаи стандартҳои байналмилалиро барои таҳияи тавозуни озуқавори баҳри тафсифи ҳолати воқеии таъминоти озуқаворӣ дар мамлакат қайд карда гузашт.

Хонум Алиева оид ба методологияи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ вобаста ба таҳияи тавозуни озуқаворӣ, шарҳи тартиби таҳияи тавозуни озуқаворӣ дар Тоҷикистон ва тавсияҳо баромад намуд.
Аз ҷумла ӯ қайд намуд, ки тавозуни оузқаворӣ ҳамчун унсур барои таҳлил ва қабули қарорҳо дар масъалаҳои зерин зарур аст:
-Арзёбии ҳолати озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар мамлакат,
-Ҳисоби норасоӣ ва зиёдомади умумӣ дар асоси меъёрҳое, ки бо арзиши энергиянокӣ ифода шудаанд (Ккал), ҳамчунин сафеда, карбонгидратҳо ва равған,
-Иттилоот дар бораи воридшавии озуқа ба ҳар сари аҳолӣ, ки бо худ коэффитсиенти чандирӣ, аҳолӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад, барои таҳияи дурнамои талаботи мамлакат бо озуқа зарур аст,
-Муқаррар намудани алоқамандии воридшавии миллии маҳсулот ва истеъмолоти нокифоя,
-Арзёбии сиёсати озуқа ва истеъмолот,
-Хазинаи таҳлилҳои сиёсат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ.

Иштирокчиёни семинар тавсияҳое, ки хонум Алиева пешниҳод намуда буд, мавриди баррасӣ қарор доданд, аз ҷумла кайд карда шуд, ки гурӯҳи байниидоравии кории коршиносон барои баррасии ҳамаи маълумотҳо ва параметрҳо, ки барои тартиб додани тавозуни озуқаворӣ зарур мебошанд, таъсис дода шавад; тартиб додани тавозун аз рӯи маҳсулотҳои ҷудогона ва истифодаи коэффитсиентҳои бозҳисоби маҳсулоти аввалия ва/ё баръакс ба роҳ монда шавад; якҷоя бо мутахассисони Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ таҳияи хароҷоти тухмӣ барои маҳсулотҳои алоҳида ва ғайраҳо.

Тавсия дода шуд, ки тавозуни озуқаворӣ барои панҷ соли охир бо назардошти истифодаи методологияи нав, меъёрҳо ва коэффитсиентҳои тасдиқшуда, ки ба талаботҳои миллӣ мувофиқ мебошанд, аз сари нав баррасӣ карда шаванд. 

Дар охир хонум Франсуаз Трин, сармушовири техникии лоиҳа, қайд намуд, ки имконияти дароз намудани муҳлати лоиҳаро бо роҳбарияти Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ ҷиҳати гузаронидани омӯзиш барои ташаккулдиҳандагон ва истифодабарандагони тавозун, ҳамчунин мутобиқгардонӣ ва ҷорӣ намудани Модули «FAO Excel Module» барои таҳияи тавозун баррасӣ менамояд.


 

Другие новости