Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.04.2014
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

17.04.2014с. Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор бо рӯзномаи «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2014 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2014» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои мақомоти омори вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омории ноҳияҳои тобеи ҷумхурӣ ва раёсату шӯъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» баргузор гардид.

Қайд шуд, ки ҳамагӣ 2786 ҳисоботи оморӣ пешниҳод гардид, ки ин 100 фоизи иҷрои нақшаи корҳои омориро дар семоҳаи якуми соли 2014 ташкил медиҳад. Инчунин дар давоми семоҳаи якуми соли 2014-ум 44 Қарору 111 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 337 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд.

Дар Ҷаласа ҳамчунин оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2014 ва вазифаҳои минбаъда дар давоми соли 2014 роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ ҳисобот доданд.

Таъкид шуд, ки бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар бахши баҳисобгирии омори расмӣ дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои оморӣ чораҳо андешида шуда, ба масъалаи эътимоднокии маълумотҳо минбаъд диққати махсус дода мешавад.

Вобаста ба таҳия ва татбиқи лоиҳаи Стратегияи Миллии Рушди Омор, ки ба устуворгардонии малакаи Агентии омор ва низоми миллии хадамоти омор, беҳсозии истеҳсоли маълумотҳои оморӣ, беҳсозии муколама (диалог)-и миёни истифодабарандагон ва истеҳсолкунандагон, устуворгардонии заминаи моддию техникӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коркарди автоматии маълумотҳо равона карда шудааст, коршиноси Бонки Умумиҷаҳонӣ - ҷаноби Григори Кисунко – мутахассиси пешбари бахши давлатӣ андешаронӣ намуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа коршиноси лоиҳаи «Дастгирии тақвияти иттилооти амнияти озуқавории Тоҷикистон» ҷаноби Мамука Нодирашвили низ оид ба корҳои анҷом додашуда дар доираи барномаи мазкур ва вазифаҳои навбатӣ, ки асосан гузариш ба тадқиқи интихобии фаъолияти истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ дар ноҳияҳои пилотӣ мебошад суханронӣ намуд.

Дар рафти Ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумотҳои омории тавсифкунадаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ ва махсусан таъмини саҳеҳияти маълумотҳои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти бахши хусусӣ, истифодаи чораҳои маъмурӣ нисбат ба вайронкунандагони низоми ҳисоботдиҳӣ, баррасӣ гардиданд.

 

Другие новости