Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

21.04.2014
Дар Агентӣ вохӯрӣ бо гурӯҳи мутахассисони Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузор гардид

Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 18 апрели соли 2014 вохӯрӣ бо гурӯҳи мутахассисони Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷаноби Григори Кисунко – мутахассиси пешбари бахши давлатӣ, ҷаноби Мустафо Динч – иқтисодчӣ/оморчии пешбар, ҷаноби Алишер Раҷабов – иқтисодчии идораи Тоҷикистонии Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузор гардид.

Мақсади ташрифи коршиносон асосан аз таҳияи дархост барои ба даст овардани маблағҳо аз Хазинаи кумаки ECASTAT ҷиҳати амалисозии самтҳои афзалиятноки Стратегияи Миллии Рушди Омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 иборат буд.

Стратегияи Миллии Рушди Омор ба устуворгардонии малакаи Агентии омор ва низоми миллии хадамоти омор, беҳсозии истеҳсоли маълумотҳои оморӣ, беҳсозии муколама (диалог)-и миёни истифодабарандагон ва истеҳсолкунандагон, устуворгардонии заминаи моддию техникӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коркарди автоматии маълумотҳо равона карда шудааст.

Бо Директори Агентии омор Ҳасанова Гулнора ва сардорони раёсату шӯъбаҳои соҳавии Агентӣ, Маркази кулли ҳисоббарорӣ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он компонентҳои лоиҳа муфассалан баррасӣ шуданд. Инчунин мукаммалкунии низоми омор аз ҳисоби дигар донорон оид ба рушд, муҳокима карда шуд.

Вобаста ба ин, 16 апрел дар Агентии омор вохӯрии донорон бо иштироки намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оиди низоми тандурустӣ ва амнияти озуқаворӣ, Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд, Хазинаи нуфуси СММ, Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ, Барномаи умумимҷаҳонии озуқаворӣ ва намояндагони дигар ташкилотҳо барпо гардид.

Бонки Умумиҷаҳонӣ ва роҳбарияти Агентии омор оид ба лоиҳа, махсусан кадом бахшҳои низоми омор дар Точикистон дар чаҳор соли оянда ба Лоиҳа фарогирифта мешаванд, маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд. Ҳамзамон қарор қабул гардид, ки Агентии омор пас аз таҳияи нусхаи ниҳоии дархост, онро ба ҳамаи дигар донорон барои омӯзиш ва пешниҳоди фикру андешаҳо манзур менамояд.

 

Другие новости