Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

17.04.2014
Аввалин семинари байналмилалӣ барои рӯзноманигорон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият ба анҷом расид

Рӯзҳои 15-16 апрели соли 2014 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии Иёллоти Мутаҳидаи Америка UCAID аввалин семинари омӯзишӣ барои рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма (ВАО) баргузор гардид.
Дар семинари омӯзишии намояндагони қариб 20 воситаҳои ахбори оммаи кишвар аз телевизион, радио ва маҷаллаю рӯзномаҳо иштирок намуданд.

Мақсади гузаронидани семинари мазкур, ин бо пуррагӣ ва фаҳмо ба аҳолӣ пешниҳод намудани натиҷаҳои ТТДТ, ҳамчунин фаҳмонидани муҳимияти гузаронидани чунин тадқиқотҳо, ки ба проблемаҳои демографӣ ва солимии аҳолӣ бахшида шудааст, мебошад.

Ин қадами аввалин ва ҳамчунин таҷрибаи нав дар самти паҳнкунии маълумотҳои оморӣ бо усулҳои нави замонавӣ тариқи расонаҳои ахбори омма телевизион, радио, интернет, рӯзномаю маҷаллаҳо, ки доираи васеъи истифодабарандагонро фаро гирифтааст, мебошад. Масъалаи бо сифат ва дуруст расонидани ин иттиллоот махсусан оид ба проблемаҳои демографӣ ва саломатии аҳолӣ ба истифодабарандагон аз рӯзноманигорон таҷрибаю малакаи баланди касбиро талаб менамояд.

Дар семинар рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои зерин омӯзонида шуданд:
- фаҳмидани натиҷаҳои Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон ва тавонистани пешниҳоди он дар мақолаҳои худ;
- тавонистани дуруст шарҳ додани рақамҳои оморӣ ва маълумотҳои ТТДТ;
- фаҳмидани нишондиҳандаҳои асосӣ оид ба солимии аҳолӣ ва демография;
- мавқеи рӯзноманигорон дар паҳн намудани иттилооте, ки ҳақиқати аслӣ дошта бошад барои сомеон дар маҷмӯъ, дигар рӯзноманигорон ва мутахассисони ВАО ва шахсони расмие, ки қарорҳо қабул менамоянд.

Семинар аз тарафи коршиносони байналмилалӣ аз IСF International Агентии рушди байналмиллалии ИМА: Мишель Берди, рӯзноманигор аз рӯзномаи The Moscow Times ва мутахассис оид ба муаррифии соҳаи тандурустӣ ва Лори Лискин, мутахассиси калон оид ба коммуникатсия аз лоиҳаи Тадқиқоти Тиббӣ-Демографӣ гузаронида шуд. Сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қулов А.Н. натиҷаҳои асосии ТТД Тоҷикистонро барои иштирокчиён пешниҳод намуда, рузноманигоронро дар бораи усулҳои гузаронидани тадқиқотҳо ва мавқеи бисёр муҳим доштани маълумотҳоро барои таҳияи стратегияҳои минбаъдаи рушди ҷумҳурӣ қайд намуд.

Чорабинии мазкур дар самти саривақтӣ ва бо сифат пешниҳод намудани иттилооти оморӣ махсусан оид ба проблемаҳои демографӣ ва солимии аҳолии кишвар тариқи расонаҳои ахбори омма ва баланд бардоштани таҷрибаю малакаи кории рӯзноманигорони ҷавон, самараи хуб медиҳад.

Дар хотимаи семинари омӯзишӣ ба иштирокчиён (рузноманигорон) шаҳодатнома оид ба хатми муваффақонаи семинари омӯзишӣ оид ба истифодаи натиҷаҳои Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон тақдим гардид.




 

Другие новости