Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

14.02.2014
Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 24 январи соли 2014 принсипҳои асосии омори расмиро маъқул донист.

 Комиссияи омории Созмони Милали Муттаҳид 20 сол қабл моҳи апрели соли 1994 принсипҳои асосии омори расмиро аввалин бор ба тасвиб расонида буд.

Дар соли 2011 дар ҷаласаи 42-уми Комиссияи омори СММ дар рафти муҳокимаи принсипҳои асосӣ қайд карда шуда буд, ки аз нав дида баромадани 10 принсипи умдатарин зарурият надорад.

Зимнан, тавсия дода шуда буд, ки муқаддима аз нав дида баромада, нав карда шавад, то ки аз вақти қабул кардани принсипҳо тағйироти ба вуҷудомада ба эътибор гирифта шаванд, имконияти роҳҳои таъмини бештар васеъ ва пурра ҷорӣ намудани онҳо муайян карда шавад.

Дар моҳи марти соли 2013 муқаддимаи аз нав дидабаромада дар ҷаласаи 44-уми Комиссияи омори СММ маъқул дониста шуд, дар моҳи июни соли 2013 аз тарафи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва 29 январи соли 2014 аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ ба тасвиб расид.

Ин маънии онро дорад, ки дар сатҳи сиёсии Глобалии СММ принсипҳои асосии омори расмӣ ба тасвиб расонида шуданд, онҳо ҳангоми ташаккулу паҳн намудани иттилооти омори расмӣ дар тамоми ҷаҳон ба роҳбарӣ гирифта мешаванд.


Барои низоми омори глобалӣ – ин ҳодисаи таърихист.

Принсипҳои асосии омори расмӣ.
Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ,
бо қарорҳои ба наздикӣ қабул карда шуда такя карда:
Ассамблеяи Генералӣ1) ва Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ: дар онҳо аҳамияти бунёдии омори расмӣ барои ҳадафҳои глобалӣ ва рӯномаҳои навбатии миллӣ дар соҳаи рушд қайд мешаванд,
Аҳамияти ниҳоят муҳиму босифати иттилооти омори расмӣ барои мақсадҳои таҳлил ва қабули қарорҳои асосноки хусусияти принсипи дошта, ҷиҳати дастгирии тақвият бахшидан барои таъмини рушди устувор, сулҳ ва амният, инчунин барои ҳамдигарфаҳмии мутақобила, савдои байни давлатҳо ва халқҳо дар шароитҳои вобастагии ҳамдигарӣ дар ҷаҳон ба назар гирифта, ошкоро ва шаффофиятро тақозо менамояд,
Ҳамчунин бо назардошти он ки боварӣ ба низоми омори расмӣ ва маълумотҳои оморӣ аз бисёр ҷиҳат муносибат, ба арзишҳо ва принсипҳое вобастагӣ доранд, ки асоси ҳаргуна ҷомеаро ташкил менамоянд, ҷомеае, ки худро мешиносад ва ҳуқуқи аъзоёни худро риоя мекунад, дар ин робита мустақимият ва ҳисоботдиҳандагии мақомоти оморӣ нақши ниҳоят муҳимро мебозанд,
Қайд кардан зарур аст, ки барои таъмини самаранокии арзишҳо ва принсипҳои асосӣ, ки ба асоси фаъолияти оморӣ вобастаанд, бояд бо механизмҳои ҳуқуқӣ (юридикӣ) ва институтсионалӣ қафолат дода шавад ва ҳамаи сатҳҳои сиёсӣ, ҳамаи ширкаткунандаҳои манфиатдори низоми омори миллӣ риоя карда шавад,
Принсипҳои асосии омори расмии дар зер овардашударо маъқул медонад, онҳо дар соли 19942) аз тарафи комиссияи оморӣ қабул шуда буданд ва дар соли 2013 тасдиқ шудаанд ва тавсия медиҳад, ки минбаъд Ассамблеяи Генералӣ онҳоро тасидқ намояд.

Принсипҳои асосии омор.

Принсипи 1. Омори расмӣ дар худ қисми ивазнашавандаро дар низоми иттилооти ҷомеаи демократӣ инъикос менамояд, вай ба мақомоти идоракунӣ, субъектҳои иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ будани маълумотҳоро дар бораи вазъи соҳаҳои иқтисодӣ, демографӣ ва иҷтимоӣ пешниҳод менамояд. Бо ин мақсад маълумотҳои омори расмӣ, ки амалан талаботи манфиатнокиро қонеъ мегардонанд, бояд дар асоси беғаразона ва холисона барои манфиатҳои тадбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастраси умум гардонидани иттилоот аз тарафи муассисаҳои омори расмӣ ҷамъоварӣ ва паҳн карда шаванд.

Принсипи 2. Барои ҳифзи боварӣ нисбат ба муассисаҳои омории омори расмӣ зарур аст, ки махсусан ҷаҳонбинию тасаввуроти касбӣ, аз ҷумла принсипҳои илмӣ ва одоби меъёрҳои тахассусиро ба роҳбарӣ гирифта, дар бораи усулҳо ва қоидаҳои ҷамъоварӣ, коркард, ҳифзу нигоҳдорӣ ва пешниҳоди маълумотҳои оморӣ қарор қабул карда шавад. 

Принсипи 3. Ба манфиати мусоидати дурусти шарҳу тафсири маълумотҳо муассисаҳои оморӣ бояд иттилоотро мувофиқи меъёрҳои илмӣ дар робита ба манбаъҳои маълумотҳои оморӣ, усулҳо ва қоидаҳои оморӣ пешниҳод намоянд.

Принсипи 4. Муассисаҳои оморӣ ҳуқуқ доранд, оид ба мавзӯи шарҳу тафсири ғалат ва истифодаи ғайриқонунии маълумотҳои оморӣ ахбори таҳлилӣ пешниҳод намоянд.

Принсипи 5. Маълумотҳо барои мақсадҳои оморӣ аз тамоми манбаъҳо, чӣ аз тадқиқоти оморӣ ва ё аз кортҳои (картотекҳо) маъмурӣ маълумот шуда метавонанд. Муассисаҳои оморӣ бояд бо назардошти тасаввуроти сифат, таъҷилӣ, хароҷот ва бебаҳо, ки ба пурсидашавандаҳо тааллуқ доранд, манбаъро интихоб намоянд.

Принсипи 6. Маълумотҳои инфиродӣ, ки муассисаҳои оморӣ барои коркарди оморӣ ҷамъоварӣ кардаанд, сарфи назар аз он ки онҳо ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ тааллуқ даранд, бояд ба таври қатъӣ хусусияти махфӣ дошта бошанд ва махсусан бо мақсади омор истифода карда мешаванд.

Принсипи 7. Қонунҳо, низомномаҳо ва чорабиниҳо, ки мувофиқи онҳо низомҳои оморӣ амал мекунанд, бояд ошкору кушода бошанд.

Принсипи 8. Ҳамоҳангии байни муаcсисаҳои дохилии мамлакат ба таври назаррас барои таъмини мунтазамӣ ва самаранокии кори низоми оморӣ аҳамияти муҳим дорад.

Принсипи 9. Аз тарафи муассисаҳои оморӣ дар ҳар як мамлакат истифода намудани консепсия, таснифот ва усулҳо (методҳо) ҷиҳати таъмини мувофиқа ва самаранокии кори низоми оморӣ дар тамоми сатҳҳои расмӣ мусоидат менамоянд.

Принсипи 10. Ҳамкории дутарафа ва бисёртарафа дар соҳаи омор ба такомулёбии низоми омори расмӣ дар тамоми мамлакатҳо таъсири мусбӣ мерасонад.

1) Ба шумораи онҳо қарори 64/267 Ассамблеяи Генералӣ, ба рӯзи умумиҷаҳонии омор бахшида шудааст ва қарори Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ соли 2006/6 дар бораи тақвият бахшидани иқтидори омор ва соли 2005/13 дар бораи барномаи умумиҷаҳонии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 дохил мешаванд.
2) Муқаддимаи аввалин, ки ҳангоми қабули якуми принсипҳои соли 1994 истифода шуда буд, нигаред ба гузориш дар бораи кори ҷаласаи (сессияи) махсуси Комиссияи оморӣ (Е/1994/29), фасли v, дар сомонаи http://unstats.un.orq/unsd/statcom/94report.pdf. мавҷуд аст.
Иттилооти бештар муфассал дар бораи принсипҳои асосӣ ва таърихи таҳияи онҳо дар сомонаи http://unstats.un.orq/unsd/ dnss/qp/fundprinciples.aspx. ҷой дода шудааст.

 

 

Другие новости