Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

20.03.2014
дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хазинаи нави маълумотҳои «Тоҷикинфо» ва саҳифаи азнавтакмилдодашудаи TojikInfo презентатсия доир гардид

19 март дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хазинаи нави маълумотҳои «Тоҷикинфо» ва саҳифаи азнавтакмилдодашудаи TojikInfo презентатсия доир гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, мутахассисони Агентии омор, Маркази кулли Ҳисоббарории Агентии омор ва воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанова Гулнора қайд намуд, ки ҳадафи асосии хазинаи нави маълумотҳо беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти саривақтӣ бо тақвият бахшидани иқтидори омори миллӣ дар пайгирӣ, таҳлил, паҳн намудан ва такмили ҳисоботи оморӣ нисбат ба тараққиёти комёбиҳои нишондиҳандаҳои миллии рушди иқтидори инсонӣ, аз қабили Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (ҲРҲ), Стратегияи баланда бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ барои тақвият бахшидани сиёсат, ки ба далелу исботҳо дар Тоҷикистон асоснок карда шудаанд, ба ҳисоб меравад.

Лейли Мошири – Роҳбари намояндагии ЮНИСЭФ дар Тоҷикистон зикр дошт, ки якчанд семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони Агентӣ гузаронида шуда, таҷҳизот пешниҳод карда шуд. Дастгирии низоми хазинаи маълумотҳои ТоҷикИнфо дар такя бо устуворӣ ва ҳамдигарпуркунии низоми мавҷудбуда ва рушдёбанда роҳандозӣ карда шуд.

Хазинаи нави маълумотҳои ТоҷикИнфо барномаи дар сатҳи миллӣ мутобиқгардонишудаи DevInfo мебошад. DevInfo унсури бебозгаште мебошад, ки аз ҷониби Гурӯҳи рушди Созмони миллали Муттаҳид маъқул дониста шудааст ва имконият дорад, ки дастрасии осон ба маълумотҳои рушди инсоният ба даст оварда шавад. Ин барномаи дастгирӣ барои давлатҳои аъзои СММ мебошад, ки барои мусоидат баҳри истифодаи маълумотҳои миллии оморӣ дар таҳияи сиёсат ва ба нақшагирие, ки дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ асоснок карда шудаанд, равона шудааст.

Хазинаи нави маълумотҳои ТоҷикИнфо дорои 184 нишондиҳанда, аз рӯи 28 мавзӯъ ва 8 бахш, ба мисли демография, иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, озуқа, ҳифзи кӯдакон, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳдошт мебошад. Маълумотҳо аз рӯи тақсимоти ҷуғрофӣ, шаҳру деҳот, нишодиҳандаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ вобаста аз мавҷудияти маълумотҳо пешниход мешаванд.

Хазинаи маълумотҳои ТоҷикИнфо дар асоси DevInfo тафсири 7 таҳия гардидааст. Хазинаи мазкур усули ҷобаҷогузорӣ, ҳифз ва тафсифи маълумотҳоро дар шакли ягона таъмин менамояд ва унсурҳои мутобиқгардонишудаи визуаликунониро, ки барои ташаккул, ба кор андозӣ ва табодули иттилоот дар намуди ҷадвал, графика дар маърузаҳо, презентатсияҳо ва дигар маводҳои банақшагирӣ ва паҳнкунии маълумотҳо истифода мешаванд, доро мебошад.

 

Другие новости