Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

10.02.2014
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи коркарди маводи барӯйхатгирии кишоварзӣ презентатсия гузаронида шуд.


7 феврали соли 2014 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи коркарди маводи барӯйхатгирии кишоварзӣ презентатсия гузаронида шуд. Барнома барои дохил намудани маълумотҳо ба компютерҳо ва коркарди маводи барӯйхатгирии кишоварзӣ бо дастгирии молиявии Лоиҳаи «Камбизоатӣ ва ҳифзи муҳити зист»-и Барномаи тараққиёти СММ дар Тоҷикистон тайёр карда шудааст.

Презентатсияро барноманависони ширкати “НАВИН” таҳия ва гузаронданд. Презентатсия ба воситаи слайдҳо, тартиби таъмини кори барнома, рафти кор дар ҳамаи давраи коркард ва махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳои шаклҳои барӯйхатгириро дар бар мегирад.

Инчунин дар намоишдиҳӣ оид ба қабул ва ҳифзи сумкаҳо, варақаҳои барӯйхатгирии кишоварзӣ ва бевосита маълумотҳои дохилкардашуда, дастурҳои мушаххас дода шуд.

Дар вақти презентатсия барноманависон қайд намуданд, ки барномаи мазкур дар асоси Microsofs SQL Server 2008. Microsoft visual Studio 2010 Professional ва дигар барномаҳо сохташудааст.

Дар ҷамъомади якҷоя, ки дар Агентии омор презентатсия гузаронида шуд, ҳамаи сардорони раёсатҳо, намояндаи Лоиҳаи «Камбизоатӣ ва ҳифзи муҳити зист»-и Барномаи тараққиёти СММ дар Тоҷикистон, намояндаҳои ширкати “НАВИН“ (иҷрокунандаҳои барномаи таъминоти коркард) иштирок намуданд.
 

Другие новости