Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

05.02.2014
Оид ба ҷамъбасти дар соли 2013 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид

3 феврали соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндагони зиёда аз 12 рӯзнома, маҷалла, радио ва телевизион аз он ҷумла: рӯзномаҳои «Азия-плюс», «Чархи гардун», «Ҷумҳурият», «Тоҷи-кистон», «Садои Душанбе», «Халқ овозӣ», радиоҳои «Радиои Тоҷикистон», «Радиои озодӣ», телевизонҳои «Шабакаи якум», «Баҳористон» ва дигарон иштирок намуданд.

Дар конфронси матбуотӣ ба рӯзноманигорои дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ва дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 буклети нишондиҳандаҳои фаврӣ пешниҳод карда шуд.

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ Ҳасанова Г.К., оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар соли 2013 суханронӣ намуд. Дар муҳокимаи мавзӯъ инчунин муовинони Директори Агентӣ Шокиров Ш.Ш., Асоев А.Р. ва Норов Қ.Д., роҳбарони раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва Маркази кулли ҳисоббарорӣ иштирок намуданд.

Намояндагони воситаи ахбори омма бо саволҳои:
-рӯзномаи «Азия - Плюс» оид ба интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон;
- рӯзномаи «Чархи Гардун» оид ба фарқияти воридоти маҳ-сулот аз Ҷумҳурии Халқии Чин бо нишондиҳандаҳои Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-радиои «Озодӣ» оид ба гирифтани маълумот дар бораи шумораи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар, аз он ҷумла занон ва синну соли муҳоҷирони меҳнатӣ;
-рӯзномаи «Чархи Гардун» хоҳиши гирифтани маълумот оид ба шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартнома фаъолият мекунанд;
-рӯзномаи «Ҷумҳурият» гирифтани маълумот оид ба теъдоди муҳоҷирони дохилӣ - ихтиёрӣ, ки дар соли 2013 ба ҷойҳои дигар кӯчонидаанд; дархост карда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳамчунин аз ҷониби намояндагони дигар воситаҳои ахбори омма саволҳо оид ба теъдоди чопи китобҳои нав, натиҷаҳои барӯйхатгирии кишоварзӣ, саршумори баъзе намудҳои чорвои хонагӣ, меъёри сабади истеъмолӣ ва дигар саволҳо пешниҳод карда шуданд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ мувофиқи имкониятҳои мавҷуда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
 

Другие новости