Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

31.01.2014
Барӯйхатгирии кишоварзӣ

 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи якуми барӯйхатгирии кишоварзиро ба анҷом расонид. Барӯйхатгирӣ зиёда аз 1 млн. 62 ҳазор хонаводаро фаро гирифт.

Барӯйхатгирӣ аз 15 сентябр то 15 октябр дар минтақаҳои душворгузар ва аз 15 ноябр то 15 декабр барои дигар минтақаҳо гузаронида шуд. Дар барӯйхатгирӣ 121 мудири шуъба, 470 дастурдиҳанда-назоратчӣ ва 2613 ҳисобчӣ ишитрок варзиданд.

Айни ҳол, тайёрӣ ба коркарди маводҳои барӯйхатгирӣ рафта истодааст. Барои рамзгузории саволномаҳо Агенти 18 нафар рамзгузоронро ҷалб намуд ва айни замон дастурдиҳии омӯзишӣ оиди дуруст рамзгузорҳ бо истифодабарии таснифоти минтақаҳо, тафтиши дурустии ҷо ба ҷо гузории маводҳо дар сумкаҳо ва тафтиши интихоби гузаронида шуда истодааст.

Агентӣ барои коркарди маводҳои барӯйхатгирӣ операторонро ҷалб карда истодааст. Барои ин кори масъулятнок зиёда аз 100 нафар кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд.
 

Другие новости