Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

10.01.2014
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

8.01.2014. Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2014» бо иштироки сардорони роҳбарияти Агентӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Сарраёсатҳои мақомоти омори вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омории НТҶ ва раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва дигар даъватшудагон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки мақомоти омор фармонҳо, супоришҳо, дастуру Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро ба роҳбарӣ гирифта, ҳамаи корҳои омории дар соли 2013 ва вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард.

Қайд шуд, ки ҳамагӣ 9427 ҳисоботи оморӣ пешниҳод гардид, ки ин 100 фоизи иҷрои нақшаи корҳои омориро дар соли 2013 ташкил медиҳад. Инчунин дар давоми соли 2013-ум 124 Қарору 284 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1048 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд. Дар самти таҳлил ва мониторинги татбиқи барномаҳои гуногуни соҳавӣ ва минтақавӣ мунтазам маълумотҳо омода ва гузоришҳою маҷмӯаҳои оморӣ таҳия шуда, саривақт ба истифодабарандагон пешниҳод шуданд. Зикр гардид, ки дар ин самт бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории мутақобилаи судманд бароҳ монда шудааст ва минбаъд низ идома дода мешаванд.

Дар Ҷаласа маърӯзаҳо оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар соли 2013 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2014 дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шунида шуда аз ҷониби Директори Агентӣ муҳтарам Ҳасанова Г.К. ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

Таъкид шуд, ки бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар мавриди рушди “ҳукумати электронӣ” чораҳо андешида шуда, вобаста ба таъсис ва таҷдиду такмили низомҳои иттилоотию интернетӣ ва истифодабарии технологияҳои муосири иттилоотӣ ҷиҳати пешбурди корҳои оморӣ дар доираи имкониятҳои мавҷудаи дохилӣ ва лоиҳаҳои устуворкунии системаи миллии омор ва дастгирии бевоситаи шарикони рушд институтҳои байналмилалӣ корҳои мушаххас иҷро гардидаанд.

Қайд гардид, ки дар соли 2013 барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда иҷроиши дигар корҳои вобаста ба коркарди маводҳо ва баровардани натиҷаҳои барӯйхатгирӣ тибқи нақшаҳои муқарраргардида ба анҷом расонида мешаванд.
Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумотҳои омории тавсифкунадаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ ва истифода аз методологияи муосири байналхалқӣ дар низоми омори миллӣ, татбиқ намудани тавсияҳои ҳисоботи арзёбии глобалиро ки аз ҷониби Омори Аврупо ба анҷом расонида шудааст, баррасӣ гардиданд.

 

Другие новости