Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

27.12.2013
Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия бо мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди маводҳои барӯйхатгирии кишоварзӣ кӯмаки техникӣ пешниҳод намуд.

Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия барои мақомоти марказӣ ва маҳалии омор техникаи компютерӣ, аз қабили 45 компютер ва 14 принтер харидорӣ ва тақдим намуд. Дар маросими расмии пешниҳоди кӯмаки техникӣ Ҳамоҳангсози идораи Тоҷикистонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия – Абдулло Сари ширкат намуда, қайд кард, ки кумаки техникии мазкур барои гузаронидан ва коркарди маводҳои барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Тибқи иттилои Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулнора Ҳасанова, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия яке аз шариконе мебошад, ки дар такмили соҳаи омор, баланд бардоштани малакаи кормандони соҳаи омор аз соли 2007 инҷониб 105 нафар кормандони мақомоти омори ҷумҳурӣ барои омӯхтани таҷрибаи пешбурди омори расмӣ дар мавзӯъҳои гуногун дар Институти омори Туркия дар курсҳои омӯзишӣ ширкат доштанд. Ҳамчунин барои гузаронидани шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва барӯйхатгирии аҳолӣ коршиносони омори Туркия ба Тоҷикистон ташриф оварда, семинарҳои омӯзишӣ гузарониданд. Барои расонидани чунин кӯмакҳо, бахусус кӯмаки техникии имрӯза миннатдории худро иброз менамоем.

Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда.

Абдулло Сари қайд кард, ки Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия моҳи апрели соли 2014 барои кормандони мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як курси омӯзишӣ ташкил менамояд.
 

Другие новости